Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роҷўи уволак ҳам, агар зинда бошад, ба ягон муши нағздидааш мегўяд. Ё ягон мушобеҳатонро дида, тохта омада пеши пояш меафтад, ҳама розашро баён мекунад. Вай дар ҳамин ҷо ҳам миёни шумову шабеҳонатон фарқ намегузошт.
Як рўз бинам, ҳамоне, ки рўяшро доғ кардем, дашном дод-ку!
ҳамонро Олампаноҳ гумон карда, чизҳое мегўяд, ки… Аз ҳаво гирифта мегўяд. Гўё се мушро дошта дум ба дум баста, ба майдон сар додааст ва онҳо ба чаҳор самт кашида, думошон канда шуда ба чаҳор сў рафтаанд. Чӣ хел?
— Нағз! Вай вазири чору серо фарқ мекардагӣ набуд.
— Барои ҳамин ғам нахўред. Вазири кирои гиристан набуд.
— Гап дигар: ман ўро бо фармон аз кор озод мекардам, масъала ранги дигар мегирифт. Вай худаш худашро ҳукм баровардааст.
Яъне, эътироз! Вай бо ҳукумати мо розӣ нест! Ояндаи давлати бепойтахти моро намебинад. Мурданро авло медонад. Чунки мо аҳл нестем. Худиро аз бегона фарқ карда наметавонем… Ё дар ҳамин вайронаҳо пойтахт созем?
— Мешавад. Лекин ташвиш ба мо чӣ лозим? Имрўз бошад ҳам, фардо бошад ҳам, мо аз ин ҷо меравем. Мо бегона. Ин мулк ба мо суд намекунад. Корамон ки буд шуд, бармегардем.
— Рост мегўйӣ, Ҷосу. Лек ҳоло ин мулкро хуб наомўхтайӣ.
— Хоб будед, Олампаноҳ, шуморо посбонӣ кардам.
— Ва Роҷуро аз даст додӣ!
— Шумо аз ин бобат бисёр ғаму ғусса нахўред, Олампаноҳ! Ҳазор-ҳазор Роҷуро ёфтан мумкин. Лекин як Росуро то ба дараҷаи шумо расонидан имкон надорад. Мумкин …
— Чӣ хел мумкин?
— …Мумкин, аммо шумобаринашро очаш дигар намезояд.
Шуморо худи Худо ҳадя кард барои мо, пойлучҳо. Барои ҳамин худатона ин қадар гиронда нагардед.
— Ту намефаҳмӣ. Сар бардошта нигоҳ карданашро мон! Ман надидаам, ки Роҷу як бор миҷаву ҷиготашро боло бардошта, чашмонашро калон кушода, ваҳшиён мекунанд-ку, ба чашми ман ё ба рўйи ман нигоҳ карда бошад.
— Барои ҳамин миёни шумову ангораҳоятон фарқ гузошта натавониста, рафт. Шумо ин қадар ғам нахўред! Вай хаппаки дарункўбак буд. «Шўхакон сар-сари бом, хаппакон кора тамом».
— Не-не! Вай хондагӣ буд. Дипломатияро хуб медонист. Обро дида мўза мекашид. Буру дўз мекард. Баъд эб бинад, ягон чиз мегуфт. Вагарна андешааш дар дилаш пўсида, мурда мерафт.
— Ҳамин хел ҳам шуд-ку?
— Шуд-нашуд, ҳоло маълум не… Ман ба худкушии ў бовар надорам. Ба об ғарқ шуданаш ҳеҷ мумкин не. Зеро ў аз об не, аз таги чархи осиёб ҳам хушк мебаромад.

пешина
аз 378
навбатӣ