Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мушчаи нав аз шиками очаш баромадаро ҳам «шумо» мегуфт. Мо аз ў одоб меомўхтем, одамгарӣ меомўхтем, сабру тоқат меомўхтем ва ҳама гуна хислату хўйи нек. Замин даройӣ, осмон буройӣ ҳам, ин хелашро ёфта наметавонӣ.
— Худатон гуфтед-ку: «аз ўҳдаи ҳеҷ кор намебарояд».
— Аз ўҳдаи ҳеҷ кор набарояд ҳам, ҳама дороёни рўйи заминро мешинохт; ошно буд. Як имои бурут кунад…
— Намекунад! Гуфтед-ку?
— Ва намекард ҳам. Чунки ору номус дошт. Ин гуна инсонҳо оқибат ҳамон хел рафтор мекунанд, Ҷосу! Худкушӣ! Дигар хел роҳ надорад! Дар ишкам ҷамъ мекунанд-ҷамъ мекунанду якбора мекафанд. Оламро… ҳама ҷоро... Хайр! Гўй, ки чӣ кор кардӣ?
— Ҳама аз болойи пули ларзон мегузаштем, ки якбора садои шалаппӣ баромад. Гумон кардем, ки ҷўгибаччаҳои луб-лучаки сиёҳ худашонро ба об партофтанд. Садои «дор-дор!» баромад.
Бинем, ҷўгибаччаҳо ҳайрон сўйи мо нигариста, бешармона лублуч, бо кафи дасташон ҳам пинҳон накарда, механданд.
— Роҷу мураду онҳо ханданд. Ана ҳамин бесоҳибӣ, бекасӣ!
Пушту паноҳ медошт; баччаи як одами обрўманд мешуд, худи ҳамон ҷўгибаччаҳо, «ягон чиз медиҳад» гуфта, ба мурдаву зиндааш нигоҳ накарда аз думаш ба об партофта, кашола карда мебароварданд.
— Партофтанд!
— Ҳа?!
— Мо ҳам партофтем!
— Ҳа?!
— Пайдо нашуд. Об бурд? Ҷин бурд? Надонистем.
— Нағз накофтед!
— Неее… Об лой! Як умр ин об лой будааст; ғажд! Дида нашуд.
Таги лой хоб кард ё… Ё хапаки дарункўбак барои худаш ҳисори зериобӣ сохта будааст, ба ҷо шуд? Ё ягон чизи дигар?
— Не! Вай гурехтагӣ. Дидагӣ, ки аз шумо дўстӣ намебарояд; одамгарӣ надоред; гурехта, ба мамлакати дигар гузаштагӣ.
Мегўянд, ки дар он мамлакат донро мехўранду коҳро ба гов медиҳанд.
— Иҳон ҳам чунин будаанд. Донро мехўрдаанду коҳро ба гов медодаанд. Ҳозир, ки қаҳтӣ, ҳамон коҳ ҳам нест, ки хўранд.
— Ҳааа… Роҷуи боору номуси дарундор барои ҳамин худкушӣ кардааст… Лекин ҳамааш рўшан мешавад.
— Ҳамин хел, Олампаноҳ! Оқибат гунаҳгор ҳама сирру асрорро бо забони худаш мегуфтааст. Ҳатто гунг бошад ҳам, забон бароварда, гуфта медодааст… Ман ин қиссаро аз забони як қассоб шунидам, ки гунаҳгорро ба азобу шиканҷа кашида, мегуфт: «Ба ман нагў… Майлат, нагў! Лекин дар он дунё худат таъзим карда мегўйӣ! Вақте ки гурзро ба сарат зада, то нисфат мехвор ба замин фурў равад, аз ҳуш рафта, ҳама корҳои дар дунёи равшан кўрона кардаатро мегўйӣ».

пешина
аз 378
навбатӣ