Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

валек Морг пур аз мурда буд. Ба ин ҷо мурдаҳои бекасу бесоҳибро меоварданд, ки ҳафтаву моҳҳо як кас суроғ намекард. Моҳҳо гузарад, «Мадад»
мурдаи нодўстро бурда бо ҳамон сару либосе, ки дошт ва лавҳаи рақами дар банди дасташ баста дар гўшаи манзили «Ғарибон»
зери хок мекард. Баъд аз пурсуҷўи зиёд бо шаҳодат ё тахмини мурдабонҳо чандин бор гўри ўро кушода, бурун оварда, боз ба гўр мезаданд.
Шабҳангом, ки чароғҳои кўча, саҳнҳои бемористон ва Моргу музофот бар асари симдуздиҳо, рўдабуриҳо, кабелканиҳо – ба хотири арзизи фурўшӣ, хомўш буданд ва ҳама ҷо торик мешуд, мушон аз ситораҳо нур ба дида гирифта, аз сўрохӣ ба девор часпида, ба воситаи тирезаи шикаста ё дари аз зиёд бо пой задан ворафта, роғ-роғ гашта ба Морг медаромаданд. Ҳар навъе мехостанд, сайру саёҳат мекарданд; дуздиву кисабурӣ, бўй кашидану дандон заданҳо сар мешуд. Ба даҳону бинӣ медаромаданд; чашм мекофтанд; забон мегазиданд; дандони тилло канданӣ мешуданд; осонгир бошад, аз даҳони мурда рабуда мешуд.
Ба ногоҳ «чу-чу!»-и нисбат ба садои дигар мушон ғафстар баромад. Ва овози пасти одамӣ:
«Доштам!»
«Сахт дор!»
Тапар-тупури мушон ва садои худро ба дар зада, тира-тира баромаданашон ва овози аз тиреза тап-тап партофта гурехтанашон ба гўш мерасид. Мушон ба пахш карда куштани мошин ҳам нигоҳ накарда, нақбро фаромўш карда, роҳро миёнбур гурехтанд ва чанде зери чархи мошинҳои якчашма монда чалпак гаштанд.
«Воҳ!»
«Ҳа?»
«Газид!»
«Ҳуй нахўрад!»
«Ҳўуй хўрд!»
Сонӣ ба вой-вой даромад ў. Дигаре чароғаки телефони дастиро равшан карда ҷойи газидаи дасти ҳамроҳро дид. Хун баромада буд. Сар афшонд. Аммо чизе нагуфт. Мушгазидаро, пушаймон аз карда, воҳима гирифт:
«Агар муши заҳролуд бошад, мурдам!»
«Муши заҳролуд то ин ҷо расида наметавонад».
«Ин мурдаҳо заҳрхўрда бошанд. Муш гўшти мурда хўрда бошад. Маро бо ҳамон дандони заҳрогинаш газид. Чӣ мешавад акнун?»
«Ҳеҷ чиз намешавад!»
«Мо бо чӣ мақсад ин ҷо омада будем, ки ба ин дард мубтало шудем?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор