Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Магар таъсир кардаст, ки чӣ гуна ва чаро омаданатро надонӣ?»
«Надонам…»
«Моро оварданд. Дар мошини мурдаҳо оварданд; надониста.
Мо низ аз тарс чизе нагуфтем. Инак аҷал расид».
Телефонаш занг зад: «Ҳааа! Дар морг!... Дар морг, қатори мурдаҳо… Аз мурдани худ хабар дораму аз чӣ хел ба ин ҷо афтодан не… Оварданд… Тезтар!»
Киву чӣ? Напурсида беруни дар ғур-ғур шуд.
«Боз овардед?»
Ин садои занаки айнакдори мўйи сараш сап-сафеди хамгаштақомат ва пўсти рўяш ҷўя-ҷўя, пўсти зери чашмонаш халта, нигоҳаш ҳазин буд. Аммо дар чунин ғояти шаб, ки ягон чароғ фурўзон нест, касе ин чизҳоро пай намебарад, ҷуз овози ларзонаш.
Пурси зан онҳоро парешон кард, ки ҳолиё дари шалақи беқуфлу мадангро ғиҷирросзанон кушода медароянд ва онҳоро дида бозпурс мекунанд, вале ҷавоб маълум нест.
«Пурсанд, чӣ мегўем?»
«Мурдаро дар ин ҷо намепурсанд, Хокироҳ. Ҳо-о-о дар пушти теппа. Ҳамон ҷо ҳам пурсандаҳо Мункир – Накар мепурсанд».
«Зиндаро мепурсидагӣ барин: ин ҷо чӣ кор мекунед? Дар миёни мурдаҳо чӣ меҷўед?»
«Ин хел намепурсанд. Шартӣ телефони дастатро кашида гирифта ба милиса – 02 занг мезананд.»
«Афандӣ! Замоне буд, ки милиса муддате нагузашта ҳозир мешуд. Ҳозир милиса-пилиса нест. Ҳозир ҳама бо ғорат машғул. Гап байни худамон, аз милиса бим нест. Роҳзану қотил зиёд шудагӣ; барои як дандони тиллойӣ сар мебаранд».
Валек мағалнамо шуда, садо наздиктар меомад:
«Худам дидам аз роғи дар, ки як рўшании хира тофт ва зуд нобуд шуд».
«Лекин ман шунидам: як занги телефон баромад».
«Мурда занг намезанад. Воҳима. Шумо шояд бори аввал мурдаро мебинед. – овози зан: – Мо, ки умрамон дар қабулу гусели мурдаҳо гузаштааст, аз мурда наметарсем. Лекин зиндаҳои байни мурдаҳо хавфноканд».
«Чӣ хел, хонум? Зиндаҳои миёни мурдаҳо?»
«Шуда буд: барои чизу чораи мурдаҳоро кашида гирифтан ё кисаҳояшонро кофта, ягон чиз пайдо кардан, ё аз барои дандони тилло каллаи мурдаро бурдан… дуздбашараҳо ё одамхўрҳои навбаромад, ки аз филмҳо ёд гирифтаанд, омада қатори мурдаҳо хоб мераванд».
Ва онҳо андарун «мурдем!» гуфтанд ба якдигар ва нафаҳмида Хокироҳ тугмаи телефонро пахш кард, ки пиг гуфту рўшан шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор