Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Валек ҳолиё гаргини аз рама мондаро монад. Ў зери сабзаву гиёҳи канори наҳр пинҳон шавад ва хеле истода, боз дуздона бурун ояд.
Ин бор то баромад, ки гули рўз шукуфт. Аён гашт, ки Росу. Баргашта миёни алафҳо лангон даромаданӣ буд, ки як санги кулўла аз осмон фурўд омад ва бол кушода, Росуро пахш кард ва бархост ба ҳаво. Дар чанголи чаппаш Росу мурданӣ тарсида, думи хешро кашол карда, мағлубу дамгир мерафт. Аммо дилаш чунон бо зарбу тез занад, ки акси садояш аз кўҳҳо ояд: «Тамом; давлату достон тамом...» Лашкари Росу аз ҳамин чархболи бадвоҳима метарсид.
Росу низ. Дидбонҳо таъйин карда буд, ки баробари чун абрпора дар фазо пайдо шудани чархбол хабар диҳанд. Лек бехабар монданд ҳама. Ҳанўз ҳам бехабар, мирашон – Росуро дар фазо бозӣ медоронад Мушгир: раҳо мекунаду медорад, раҳо мекунаду медорад ва дили муш аз хонааш мебарояд.
«Чу-чу!»
«Чӣ мегўйӣ?» ба пойи кашол доштааш нигариста пурсид.
«Аз хўрдани ман сер нахоҳӣ шуд. Агар майл дорӣ, ба ту хизмати дигар кунам».
«Масалан?»
«Агар маро раҳо бикунӣ, мушонеро банд андохта диҳамат, ки…»
«Ба кӣ мекунӣ ин баҳонаҳоро? Ғалбер кардӣ хонаҳоро!»
«Дар ҳаққи мо чунин бофтаанд, аммо мо инсоф ҳам дорем. Ба гапи ҳар кас надаро, Мушгир. Мо як кас шавем. Ҳар нақшае, ки дорӣ, ба ҷо меорам…»
«Ай Темури ланг! Ман медонам, ки ту раҳму шафқат гуфтанӣ фаҳму эҳсосро намедонӣ. Аз калла манора месозӣ…»
«Ман Темури ланг нестам. Одамӣ маро дар Морг дошт. Дасташро газидам. Даст афшонд. Аз дасташ ҳуй хўрда, парида ба девор задам. Поям шикаст. Раҳм бикун! Ҷазоямро дидам!»
«Мири мушон ҳам нестӣ?»
«Волло хуб донистӣ, Мири мушон ҳам нестам. Агар пиндорӣ, ки Росуям, Росу ҳам нестам!»
«Ту умуман ҳеҷ кас нестӣ!»
«Ман каломуши оддӣ. Росу ангора сохт аз ман. Ранг кард.
Ба худ мувофиқ гардонд. Фаҳмонд, ки чӣ корҳо бояд бикунем; мисли ман Росуйи ранга зиёд. Бовар накунӣ, бубин, ки чӣ ранге зада ба тани ман. Диққат бидеҳ, мўйи ҳақиқиам аз таг барояд; тираранг».
Мушгир уқобона «чу!» гуфт:
«Ту, ки даст рўйи сина гузошта, савганд ёд карда будӣ, ки ба шоҳат, ба миллатат, ба хоку оби заминат хиёнат накунӣ, лек кардӣ. Магар бо ман вафодор бимонӣ?!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор