Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Нагуфтам! Нагуфтам?!»
«Апаи киҷон, натарсед! Мо ҳоло ҳам мурдаамонро наёфтаем!»
«Шумо ҳеҷ вақт мурдаатонро намеёбед! Шумо мурдаҷў ҳам нестед! Ин ҷо корҳое мекунед, ки хар намекунад, саг намекунад, душман намекунад! Ҳоҷати шарҳу баён нест. Ана ҳамон корҳое, ки ҳар рўз дар телевизорҳои олам намоиш медиҳанд. Барои чунин корҳои зишту ҳаромро ёд гирифтан мактаб ё китоб хондан шарт нест. Он корҳо бо як дидан дар таги пўсти шумо шайтон барин ҷой мегирад».
«Ин хел нагўед, апа! – дарро тела дода, баромада: – Мо аз кўҳ нафаромадаем. Мо ҳам шаҳрӣ…»
«Кошкӣ аз кўҳ мефаромадед! Дар он ҷойҳо ҳоло одамони худотарс ҳастанд. Рўйи телевизорро надидаанд. Ҳоло ҳам андеша доранд, ки мўъмин бародари мўъмин. Ҳоло ҳам он дунёро фикр карда, ба якдигар дасти ёрӣ дароз мекунанд; ба мурдаи якдигар мегирянд; пойи тобути якдигарро мебардоранд; ба фотиҳаи якдигар мераванд. Дар ин ҷо аз барои як дандони тилло каллаи якдигарро бурида мебаранд».
«Шумо моро нашинохтед, апа! Мо пештар ҳам омада будем!»
«Дар ин гўристони торик чӣ хел шиносам? Рўзона бен, мемурен?
Дар рўшнойӣ бинаматон!»»
«Рўзона омада будем. Ба шумо гуфта будем. Доруфурўши маҳаллаи заводи ширу равған гум. Шумо ўро мешиносед-ку?!
Занаки фарбеҳи дар бехи гўшаш холи нимҳоли гўштӣ дорад. Гуфтанд, ки ду ниқобпўш зўран ба мошин бор карда бурдаанд, зиндаву мурдааш маълум нест».
«Ман ин хел хабарҳоро нашунидаам. Ду ниқобпўши зўр бурда бошанд, ин ҷо намеоранд. Дигар ҷо мебаранд».
5
Чашми рўз боз нагашта «чӣ-чӣ!»-и мушона баромад ва як
хазандаи калаванда роҳи рафт гум карда, лаб-лаби об базўр
мерафту меомад. Агар худаш надонад, мақсаду муроди ўро дигаре
намефаҳмид. Дар ин вақт дар раҳу рў муше намегашт. Аён буд,
ки шаби дароз кор карда дам мегиранд. Аммо мошинҳои кирокаш овоз бароварда, оромиро халалгор шуданд ва дуди ғализи
мошинҳои дар рўзҳои наздик таъмир надида ҳаворо вайрон,
гирифта ва бадбўй, нофору гулўгир ва бинихор карда буд. Оҳистаоҳиста равшание аз Офтобнамо фазоро хокистарӣ кард ва тарҳи
хазандаи лаби об маълум гашт. Росу мегардад. Ланг. Майли ба
об паридан дорад, боз аз чизе ҳаросида, пас кашад хешро. Дигар
ҳамроҳ, ҷондор ё пешкору мададгоре надорад. Аҷаб, ки ў ба сайр барояд ё шикор рафтанӣ шавад, гирду пешашро иҳота карда, нагузоранд, чашми бегона ба ў расад; пешопеш испанд дуд кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор