Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Сонӣ алами Мўсо аз Исо гирифт, ўро дар беназоратӣ айбдор кард ва сўҳбати гузаштаро далел овард:
«Маълум, ки ту ҳам аз зоти Роҷу; аз як палак: ў хаппаки таги таппаки дарундор, бомулоҳиза. Ту муғамбири аз об хушк баромада. Ба ҷойи вай мебудӣ, аллакай аз наҳр баромада; ҳазору як дурўғ бофта, хештанро дар наздам мусичаи бегуноҳ нишон медодӣ».
«Чунин фикрҳо аз куҷо ба сари шумо омад, Олампаноҳ?»
«Ман як чизи оддӣ – савганд хўрданро чанд бор пурсидам.
Рўбаҳвор дум ликконда, дингас мезанӣ; думи дар он тараф буда пеши фўки ман меояд. Озмудамат! Дигар болойи китоби «Муқаддас» баромада қасам хурӣ ҳам, бовар намекунам!»
Ҷосу сагона ба дум нишаст. Карахту гаранг буд; чӣ гуфтанро намедонист. Зеро феъли саг ба соҳибаш маълум: чӣ мақом кирдору рафтор кардани Росуро медонист. Нав аз забони ў фаҳмид, ки дар нобуд шудани Роҷу худи Олампаноҳ гунаҳгор будааст. «Ин қаҳваранг аз тамоми шоҳону шоҳаншоҳон, ҳатто аз манғитҳои ҳаромкор гузаронд… Буздил ҳам будааст… Тарсад, ки ҳама ба ў хиёнат кунанд… Дилаш аз худаш ҳам пур неву аз ёронаш ҳам…»
«Ту маро нағз намедонӣ, Ҷосу! Аз хурдӣ як ҷо ба воят расида, дар як курсӣ нишаста дарсу таълим гирифта бошем ҳам, маро аз нигоҳ ва фаҳмишу дониши худ баҳо медиҳӣ. Ман донам, ки ту кору кирдори дар ҷавонӣ кардаамонро баҳона оварда, маро гунаҳгор ҳисобӣ. Не! Ман он чизҳоро дар бойгонӣ супурда, пеши обро бастам. Ба умеди тўҳмат ё санаду бурҳон нашав. Дар ҷавонӣ ҳама чиз шаваду гузарад; чунки дар баҳорон оби соф пайдо кардан муҳол аст. Барои ман хешу дарвеш баробар; чунки мо пирўз шудем, ҳукуматро ба даст гирифтем, вале сохти онро муайян накардаем:
капиталистӣ аст? Сусиалистӣ аст? Демократӣ аст? Маълум накардаем. Байрақамон капиталистӣ, гимнамон сусиалистӣ, нишонамон демократӣ: ду архар бо ҳам шохбашох; телаву тира мекунанд, то яке дигареро аз баландӣ ба варта афканад. Мо ҳамин хел худкуши бегонапараст. Намешад, ки Росуйи қаҳваранг ё хурморангро болойи нишон часпонем?»
«Шумо саросема нашавед, Олампаноҳ! Ин чизро худи халқ соз мекунад! Ман дар ягон мулки дигар надидам, ки раъият шоҳашро то ин андоза дўст дорад. Ҳоло сурати шуморо тори сар гузоранд; рў ба рўяшон ба девор часпонанд; дар намоишҳои ҳукуматӣ ҳар кас тори сар бардошта, аз майдон гузарад; тамоми Олам намоиш диҳад. Ҷаҳон шиносад Шуморо!»
«Ягон раги ҷуҳудӣ ҳам дорӣ, мегўм. Ман гўри туро канданӣ, ту сурати маро ба гетӣ мефиристӣ! Вазири корҳои хориҷӣ буданат маълум. Гуфта монам, ки чунин кор бе ту намешавад».
«Мо пирўз мешавем! Бовар дорам. Сурати шуморо аз маҷаллаҳои машҳури Олам пайдо карда, нишонаатонро ёфта назди ман омада, киву чӣ буданатонро пурсида, китобҳо менависанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор