Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не!»
Сўҳбат тамом шуд. «Рав, дам гир!» гуфт Росу. Танҳо монда худ ба худ мегуфт, то касе хабар наёбад: «Ҳоло бо собуни ман ҷомашўйӣ накардайӣ… мисли Роҷу зинда ба зинда аз сарат ғажғаж хоида нахўрам, Росу набошам! Ин усули интиқом танҳо хоси Росуст. Чунон мегўяд, ки ба наҳр афкандани Роҷуро дида бошад.
Коно! Кадом муш дар об мурдааст? Ё дидаву дониста, барои он ки як рўз гум шудани Роҷуро талаб кунанд, ў шаҳодат диҳад, ки дар оби наҳр ғарқ шуда мурд! Хоин, ҷосус, нотавон, ҳатўлро эҳтиром бояд кард; чунон ки дар бисёр мамлакатҳо ин корро мекунанд: ҳукми паррон, зиндонӣ, бадарға, ҷарима мекунанд.
Чӣ лозим азоби дубораву себора додан? Яку якбора ғаж-ғаж аз сараш хоида бояд хўрд. Хоҳ-нохоҳ худаш мемурад; куштан шарт нест! Умуман одамро куштан гуноҳи азим. Андаке сабр бояд кард, худаш мемирад. Одамони замони мо он қадар умр намебинанд, ки дилбазан шаванд. Боз дар замони қаҳтиву гуруснагӣ, ки коҳ мехўранд. Аз ин рў зарурати куштан надорад. Ҳар коре кунанд, кардан гиранд; дасти дуздро то набурӣ, аз дуздӣ даст накашад.
Лекин сахт одат карда, хуморӣ шуда бошад, бо даҳон ҳам мегирад.
Ҳар чӣ шаваду нашавад, дар таҳти замин кўшк бояд сохт, то на бўй расаду на заҳр…»
6
Гулобро аз шў хона, Полвон, Гурба ва чанд мурғ расида буд.
Писар худ хост бо модар буданро. Мурғонро мушон дар мурғонча куштанд: аз пушти пой – аз зону пасттар лучак карда, хомўшаквор чунон макиданд, ки мурғ хабар наёфт. Инак мурғ ба ҷойи пеш рафтан пас-пас рафтанӣ шуда ба дум ё ба паҳлў афтида-афтида, нохезон мурад. Тухмҳоро сўрох карда чўҷаҳои норасидаро бурданду хўрданд. Айбро ба сари Қаҳтӣ заданд. Чўҷаҳои Ҷоларо ҳам, ки сахт эҳтиёт карда, пару бол бароваронда буд, шабҳо аз канору оғўши гармаш рабуданд, ки нофаҳмида монд. Мондаашро шохи дарахт баровард, аз ҳамон ҷо низ дуздиданд. Як хурўсчўҷаи Росуранг монд, ки аз ҷонаш бештар эҳтиёт мекард. Чунон ки Гулоб писараш Тақтирро. Чун аз дасти ў кор меомадагӣ шуд, ғарибкорӣ рафт ба шаҳри дур. Модарро пул мефиристод. Рўзе хабари маргаш омад, баъд мурдааш. Ҳамшаҳриҳо ташкил карда бо қатора фиристодаанд. Оварданд, ки ҳаммаҳаллаҳои шариккори гушнамаст беҳушона корд зада куштаанд… Ҳоли модар чӣ шуду… Тасвирнопазир. Зеро ғами Гулоб дар олам намегунҷид.
Як худаш монду сагу гурба ва мурғу хурўсчўҷааш, ки ҷуз Полвон ҳеҷ кадоме бо модар ғамшарик шуда наметавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор