Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Қурут, чормағз ва латтаи баччаҳо чун тўб лўнда карда пеш-пеши по мезадаро ғелон-ғелон бозӣ доронда гум кард ва боз ҷуставу ёфта, бозиро идома дод; вале мушаки мурдасурат якбора тохта байни бутта даромад ва пишак ҳарчанд аз чаҳор тараф нигарист, надид; ба дасташ ҳам наомад. Магар гум кард, ки сўйи оча нигарист ва «мӣ-мӣ!» кард. Оча гурехтан ва куҷо рафтани мушакро гўё надида буд. Аммо чун хеста рост рафта даст даруни бутта андохта мушакро кашида баровард, пишак ҳайрон монд: «Мяв! – ман ҳам ҳамон ҷо даст андохтам, аммо дастам нарасид». Гурба чизе ҷавоб надод. Пишак ин бор чӣ маънӣ кашид, ки бо мушак варзишгарӣ кард ва ҳама гуна навъи варзишро бозӣ доронидан мехост: самбо, футбол, баскетбол; бозиҳои сиркона; гўю чавгон, баччақитиқкунак ва бисёр бозиҳои дигар, ки паҳлавонро ҳам аз ҳолат равонад ва мушак мурдаи тапа-тайёр гардад. Чун чашм нимкоф карда бинад, ки пишак ҳатўл истода, якбора ба чоке, хаволие, миёни гиёҳу буттаҳо ва даруни кафшу калўш пинҳон шавад; дилаш дар бозӣ, ки шербачча ўро пайдо карда тавонад ё боз очаашро ба ёрӣ хонад. Пишак баъди танбеҳи оча ҳушёртар гашт ва ҳикояҳои ў ёдаш омад, ки то чӣ андоза муш муғамбир, маккор ва ҳилакор мешавад. Муши мурда шуданаш як бало, дандони тез ва макраш сад бало: «Ду подшоҳ буд. Чун бо ҳам вохўранд, баҳсу талошҳо зиёд мешуд. Яке сагашро таъриф мекард, дигаре гурбаашро, вале ин дафъа Меҳмоншоҳ ба ҷойи саг мушро таъриф кард:
«Муши ман филро аз беша гурезонад!»
«Гурбаи ман аз сари шом то субҳ тори сар чилчароғ бардошта шаби маро рўз гардонад; осмону замин такорў гардад ҳам чилчароғ аз сар наафканад!»
Шоҳи дигар, ки ҷуз гараву қимор шуғли дигар надошт, ўро наҳ заду ангехт, то хунаш ба ҷўш омада, гарав бандад:
«Биё, мон! Кадом гурбаи гушна шаб то рўз чилчароғ бардорад? Як бор «мяв!», ки гуфт, чилчароғ он сў, якчароғ ҳам аз сараш парида равад!»
«На, бобо! Гурбаи ман таълимдида. Медонад, ки чилчароғ аз сараш афтад, рўғанаш дар гирифта, ҳама ҷоро сўзонад; на хона монаду на худи гурба. Аз ин рў эҳтиёт кунад».
«Гарав, ки натавонад!»
«Гарав!»
«Ба ними Хазина!»
«Ба ҳамаи Хазина!»
Шаб. Ҳарами шоҳи гурбадор тира. Дар гўшаи толор гурбаи номиву таърифӣ чилчароғ бар сар дорад. Толор базўр равшан гардад. Шоҳ ҳар замон ба таъриф дарояд: «Мўяш наҷунбад! Миҷҷааш хам нахўрад! Иншооллоҳ, бозиро бохтед, шоҳ!»
«То субҳ вақт зиёд аст, шоҳ!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор