Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунки барои ватан, миллат ва нангу орият ғазо кардӣ. Ту бояд чун модари баномуси қавмат ин корро бикунӣ; бояд бисёр зойӣ. Хуб тарбия намойӣ. Ҷанговар ба воя расонӣ. Ҳама гурбаҳои Оламро бохабар гардонӣ; иттифоқ баста муқобили лашкари Мушон ҷанг эълон бикунӣ; Гетиро аз тухму саргину бўйи бади онҳо тоза намойӣ. Ин ҳаромҳо дар сурфаи сўрохкардаашон саргин мекунанд. Сабил, пул нест-дия! Вагарна ҷанговари кироя оварда пайи пойи инҳоро рўфтан имкон дошт.
Ҳасту кам: барои гўру чўбам чанд дирамро дар латтае гиреҳ карда дар оҳанқуттӣ андохта мондаам. Муш нахўрад, гуфта. Пулҳои пештараро ҳам ҷамъ карда будам. Ҳамааш сўхт ё беқурб шуд.
Акнун дирҳам ғун мекунам. Намедонам, он рўз кай мерасад. Тақдир… Тақдир нест, ки…(Ало ба бағали Гулоб рост шуда, ашки ба рухсори заъфаронӣ шоридаро лесид. Ў фиқ-фиқ карда, гурбаро ба банди дилаш пахш кард ва афзуд:) Аз дасти ин мардҳои хармиҷоз коре намеояд. Аз паси гурбаҳои мода сар-сари девору лаб-лаби бом овора. Аз сари худат гузаштагӣ, ки чашмашонро хун гирад, доду фарёд зада чиҳое ки мегўянд, чиҳое ки ваъда медиҳанд. То лаҳзаи ком – шер. Харашон, ки аз об гузашт, гурбаи ошолуд!
«Не» нагў! Ман ёрӣ медиҳам. Хонаву дарамро мефурўшаму ёрӣ медиҳам. Як шабро рўз кардан бошад, ҳамроҳи навбатдорони беморхона дар ҷойи нишастаам мегузаронам».
«Мяв! Мяв! Мяв!»

Гурба муш овард. Аз афташ, мушҳои ҷойдорӣ. Хурди бўрранг. Ё баччаи он мушҳо бошад, ки таҳхонаи заводи Қирро бў гиронда буданд ва агар ба саҳни ҳавлӣ бароянд, замини бетонӣ ранги қирро мегирифт. Муши мурдаро ба даҳон уреб дошта, думаш кашол, шерона гом зада, сари шонаҳояшро бардошта, «маав!»
гуфт. Ин садояш ва талаффузаш дигархелтар буд ва пишакча давида аз сўрохии девор баромад. Гурба мушро ба замин гузошт. Ба баччааш нигоҳ накарда, канор рафта, вазн ба замин андохта, дароз кашид. Пишак аввал ҳайрон-ҳайрон ба мушаки мурда нигарист ва чизе нафаҳмида, сўйи оча нигашт. Оча хештан ба нодонӣ зада, эътиборе надод. Пишак бозиҳои дар хона ва саҳни ҳавлӣ омўзондаи очаашро ёд оварда мушакро бо панҷа ҷунбонд; ба хадукаш расид. Мушак ҳис кард, ки пишак нодон аст, якбора ҷаста фирор кард. Пишак низ ҷаста боздошт ва ба даҳон гирифта ба ҷойи аввалааш гузошт. Сонӣ ба бозӣ даромад:
даст-даст карда ин паҳлў он паҳлў гардонд; дудаста аз як даст ба дасти дигар гардонд чун футболбоз; ба даҳон гирифта пушти сар партофт ва баробари ба замин заданаш пахш кард. Боз боло андохту дошт; ба замин гузошта, пеш-пеши пой бурд. Ў ба мушак нишон дод, ки футболбози моҳир аст; бо каллаву пой тўбро бозӣ медоронад. Ба самбо гузашт: ин тараф ғелонду он тараф; аз сари китф партофт; аз думаш дошта кашид; гўшмол ҳам кард.

пешина
аз 378
навбатӣ