Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Зери боронмонда» эълон шудааст. Лек чунон заҳрогин будааст, гунҷишку мусича дар ҳаво мурда, ба замин резанд; мўру муш дар хаволиву сари роҳ аз пой монда хобанд ва гурбаву сагҳо низ ҳар ҷо-ҳар ҷо мурда, хобанд, ки сабабашро касе надонад. Баъзе касон тахмин кунанд, ки муш гандумро хўрд; мушро гурба хўрд; гурбаро саг хўрд… ва Олам заҳролуд шуд.
Росуро ин чиз аламангез нест. Аламангез он аст, ки гоҳи канори об буданашон тайёраҳои душман гунгу хамўш дар ҳаво пайдо шуда, рост тори сари заводи Қир давр гаштанд. Тайёраҳо чунон омаданд, ки дар Ҷанги Бузург ба сари душман рафта гулўлаи марг борида буданд. Ҳоло Мушгир чўҷаҳояшро паррончак карда, села гашта дар фазои завод гирд гарданд. Росу дар иҳотаи ҷондорҳояш, ки ҳама якранганд, андеша дорад: «Бурун омадани маро аз зиндон хоб дидаанд». Хамидани онҳоро дида, оҳиста худро ба об зад. Ва то торик шудани рўз бурун наомад. Дар ин муддат ҳама саргузашташро бори дигар аз лавҳи хотир гузаронд ва ба хулосае омад: «Чорае бояд андешид…» Ва ин андешаро бурун аз об, замоне ки ҳама паррандаҳо хуфта буданд ва баъзеашон чун Росу хобҳои чаппаву барғалат медиданд, аҳли рикобро дар гирдаш зичтар дошта, машварат меорост: «Илоҷе бояд ҷуст ва қаноти ин мурғони осмониро бояд ғўла кард!» Дар торикӣ ларзиши тани ҷондорон ва наздиконашро шоҳ надид. Зеро ҳамон лаҳза бадани худаш ҳам ларзида дар пўсташ мурғак давида буд.
«Агар шумо лозим донед, ман дигар ба он обхона барнагардам!»
Ҳама розӣ буданд ба ин андеша. Зеро худашон ҳам безор гашта буданд аз «чӣ-чӣ»-и мушбаччаҳо ва бўйи гулўгиру хафакунанда ва заҳдон. Валек илоҷи баргаштан надоштанд. Чунки ҳоло ҷанги Росу сар нашудааст бар зидди адўвон. Ҳам нагирифтаанд коху дижи шоҳиро.
«Бояд бо Ҷосу ҷудогона гуфтугў кунам…»
Сухан ва фикраш ба охир нарасида як садои талхи ҷондоре баромад ва ҳама худро ба об заданд.
Муддатҳо баъд, ки муҳити атроф чун қаъри наҳр орому бесадо гашт, садое омад:
— Кӣ нест?!
Ва ҳамоне, ки набуд, «ман!» гуфта натавонист. Аз хомўшии гарон Росу дарёфт, ки ҷанги заминиву ҳавойӣ сар шудааст бо эшон.
«Ман ин хел як умр зери об зиндагӣ карда натавонам, Ҷосу!
Қасрҳои зеризаминии ин мулкро пайдо бикун!»
Чун посухе наомад, пиндошт, ки пешгардони душман Ҷосуро даҳон баста бурдаанд. Вале онсўтар пойи ў ба шаст ё ягон банди симдор андармон гашта, Ҷосу ба раҳо карданаш машғул буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор