Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Дар умрашон ягон кори илмӣ нанавиштаанд. Фақат айнак монда мехонанд. Ҳунарашон ҳамин, ки ба суханронии бузургон сахт нигоҳ мекунанд; ҳар гоҳ сар меҷунбонанд ва дандоннамо механданд; фаҳмида-нафаҳмида аз ҳама пеш қарс мезананд. Баъзан ду-се даст мезананд, ки дигаронро ҳайрон мегардонанд ва онҳо ба ин махлуқи ним заминиву ним осмонӣ механданд. Дар ҳамон ҳолат ҳам сўйи онҳо дандоннамо механданд. Хусусан, рўзи Ҷашни Бузург дар қасри «Ғарибон» чунон аз ҷой ҷаҳида хестанд, ки Олампаноҳ аз паси айнак шубҳаомез ба девонагии ў нигаристанд; сонӣ давоми навиштаро хонда натавонистанд. Махлуқи ғариб Олус! Лекин Росу ўро дар қатори ангораҳо надаровард. Чунки чашми каҷаш зуд сирро фош мекард.
Аммо чашмони Росу дигархелтар: чашмони гавазн барин. Не! Ғук барин. Барҷаста. Кам рух медиҳад, ки сурх шавад. Лек чашмони Олус тез сурх мешавад; як ҷуръа май нўшад ҳам, сурх мешавад ва тез-тез миҷа мезанад. Занҳои баор аз ў мегурезанд. Занҳои ҳангомахоҳ наздик меоянд, ки ў бо Олампаноҳ як одам.) Ҷосу барои хизматҳои номаълумаш чандон дўст надорад ўро ва наздаш ҳар гуна сухан нагўяд. Зеро Олус нарезондаву начакконда, ахбор барад; пардоз ҳам диҳад. Ў пардозчӣ, қофиязан, аскиягў... дурўғаш зиёд. Ва он қадар фач гўяд, ки хокро бенамак хўрда бошад.
Ҷосу: «Аз ман хафа нашавед, Олампаноҳ. Сухани шуморо гардонидан ё миёни суханатонро шикастан мумкин нест! Шумо Худодод ҳастед. Ман хиҷолат кашам, ки ба рўҳи «Муқаддас»
– ба рўҳи ниёкон савганд ёд кунаму риоя карда натавонам, хуб нашавад. Он рўҳ маро тиккаву пора кунад».
— Фаромўш накун-дия!
— Одамӣ шири хомхўрда; ҳолатҳои нобоб зиёд шаванд: баъзе касон май хўранд, банг зананд ё ба гапи ягон нохалафи дар таги пўстатон ҷойгирифта даромада, бероҳа гашта ба ягон тангкўча сар халонанд...
— Сар нахалон!
— Ман худамро нагўям. Умуман одамро дар назар дорам.
Шумо нағз донед, ки «мур!» гўед, мемурам
— Мур!!!
— Ана мурдам.
— Зӣ!
— Ана зистам!.. Шумо нагўед ҳам, ман бояд аз пеши худ некиҳои шуморо ба ҳисоб гирифта то рамақе дар ҷон бошад, хидмат ба ҷо орам. Ин аз ҳазор савганд пеш аст.
— Неъ! Одамӣ шири хомхўрда! Мо шири пухта хўрдаем?! Шири мо хўрда аз дуздиву тозӣ; аз ҳаққи мардум! Пас мо чӣ касем?...
Албатта намедонӣ! Аз сукутат маълум. Ту маро афандӣ гумон накун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор