Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рост хамид санги кулўла гашта. Тори ҷунбанда бол кушода пахш кард, ки Росу ба дом афтода ва пояш шилҳа гашта, ки то канда нашавад, муш раҳо нагардад. Чун дер шуда буд, шом фаро меомад, ба раҳо кардани муш аз қапқон машғул нагашта, бо дом якҷоя бардошт ба ҳаво. Барои бозӣ ва дар ҳаво сайдро сар дода аз нав доштан фурсат набуд, дучангола сахту кашол дошта, рост ба лонаи баланд бурд. Мушгир ду чўҷа дошт. Онҳо рўзи дароз аз гуруснагӣ чу-чу карда шояд аз лона бурун омада ба варта рафта бошанд.
Лек чун ба канори лона оҳиста сайду домро гузошта чўҷаҳояшро дид, ҳаждаҳаш ба замин зад: аз чўҷае калла, қафасаи устухон ва пойҳо боқӣ монда буд ва хуни сиёҳгаштаи чўбчаҳо. Чўҷаи зинда чунон ки ҳар бори омадани оча даҳон кушода ғизо талаб мекард ва даҳони бози ўро меҷуст, ҳавсалаи хўрдан накард. Балки бепарво, муттаҳаму гунаҳгор меистод. Аз мушгир дида ба буми кўр бештар шабоҳат дошт. «Айби худам, ки ба онҳо куштану хўрдан омўхтам...» Гарчӣ сахт ғазаб дошт, аммо чун одамӣ чўҷаи зиндаашро зану кўб накард. Балки чўҷа, чўҷаи мурда ва мушу қапқонро зери бол гирифта хобид. Ними шаб қитир-қитири дандон омад ба гўшаш. Хеле диққат доду гўш ва пай бурд, ки муш аз рўйи одат устухони чўҷаи мурда мехояд...

7

Кор кори муши Олус: вазири дасти рост шуд ба ҷойи Роҷуи раҳматӣ. Чунки ҳеҷ сухани Росуро намегардонад. Росу як гўяд, ў низ як мегўяд. Ва дандоннамо механдад. Касе ёд надорад, ки ў яки ўро ду гуфта бошад. Аз рўзе ки Росу дар вазифаҳои баланд кор мекард, Олус низ ҳамроҳаш буд; ҳоло ҳам ҳаст. Ҳеҷ чиз зиёд накардааст; як мақом кор мекунад, танбеҳу огоҳӣ ҳам надорад.
Зеро худи шоҳ баҳои ўро медиҳад: «Одам бояд мисли Олус бошад:
каҷ нигоҳ кунад ҳам, дилаш рост! Аммо бисёр касоне, ки рост нигоҳ мекунанд, дилашон каҷ. Ман аз нигоҳашон мефаҳмам. Ба чашми Олус нигоҳ кунед, дилашро мебинед. Зеро он ҷо равшан; моҳчароғ дорад андарунаш. Лекин ба бисёр чашмҳо менигаред, дилатон сиёҳӣ пайдо мекунад; рентгени вайрон барин. Чунки дар даруни ў гавҳараки шабчароғ ҳам нест. Кони зуғол мегўйӣ!
Ман афсўс мехурам, ки Олус пир шуда истодааст: мўйҳояш сафед буданд, абрўвонаш ҳам; ришу буруташ ҳам; мижгонаш ҳам сафед шудаанд. Инҳо ҳама аломати сафедии дил. Одами сияҳдил сияҳпир мешавад. То ман ҳастам, Олус кор мекунад: ба нафақа гусел кардан лозим намеояд. Ин як мактаби зинда; як китоби нохонда!
Фармон медиҳам: «Мактабе кушода шавад ба номи «Олус». Худи ў директор таъйин карда шавад. Таҷрибаи бояшро ба шогирдон омўзад!» (Садое омад. Росу нашунид: «Он кас бесавод! Шогирд тайёр карда наметавонанд!

пешина
аз 378
навбатӣ