Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳозир ҳеҷ кас кори дуруст намекунад, соҳибкорони хориҷӣ моро аз сўзишвориву техникаву доруву пору ва пул таъмин мекунанд...»
Додвар: «Шумо анифи худатонро гўед! Ба «суди ширин», ба «соҳибкори хориҷӣ» коратон набошад. Раҳмат ба ҳамонҳо, ки шароити душвори моро ба назар гирифта ёриҳо мекунанд. Вагарна трактор аз куҷо меёбеду, солярка аз куҷо мегиреду, тухмӣ аз кӣ мехареду... Ҳамаи ҳамин проблема. Пахта ба хориҷа меравад, меху тахтаву гандум меояд... Лекин мавзўи мо дигар. Мо дар бораи мушҳои хонагӣ ё ҷойдорӣ чизе намегўем! Сухан аз мушҳои барои мо бегонаи ҷангҷў; онҳо на танҳо мех, одамро мехўранд. Яктеш худи ман, ки бинам, баданамро ларза мегирад.
Вақти ба кор омадану аз кор рафтан ронандаро илтимос мекунам, ки оҳиста ронад. Метарсам, ки даруни ягон муш мина гузошта бошанд ва... худо нишон надиҳад...»
«Шумо аз худатон метарсед ё аз муш?»
Додвар: «Аз худам! Ҳе-ҳе-ҳе... Кӣ вай?!»
Ҳама ҷониби овоз менигаранд.
Додвар: «Канӣ, хез, тоқисурхак! Буро!» (Баъди аз толор буромадани ў.) Ҳоло бо собуни мо ҷомашўйӣ накардайӣ! Давом диҳед!»
Додхоҳ: «Ман ҳама андешаамро дар ариза навиштаам. Ҷавоб мехоҳам!»
Додвар: «Гунаҳгор?!»
Мудир: «Бовар кунед, мўҳтарам судя! Ман гунаҳгор нестам.
Мо аз тарси камонбадастон чанд муддат дари анборро накушодем. Ҳатто аз болойи дар андова кардем. Мушҳо аз дигар тараф кашонидаанд...»
Додвар: «Муфаттиш!?»
Муфаттиш: «Рост мегўяд мудир. Ҳоло ҳам нами лойи болойи дар хушк нашудааст. Девори пушти анбор сўрох. Дар анбор фақат мех не, гандум ҳам будааст, ки...»
Додвар: «Ин масъалаи дигар, мўҳтарам муфаттиш!»
Муфаттиш: «Агар рухсат бошад, суханамро гўям...»
Додвар: «Шумо гуфтед, ки мўҳтарам муфаттиш, ҳама суханатон дар парванда дарҷ шудааст. Кофист! Мўҳтарам сафедкунанда!»
Ҳомӣ: «Тафтишу бозпурсҳо ва хулосаҳои мантиқии саволу ҷавоб нишон медиҳад, ки анбордор Хўро дар гум шудани мех ва гандум...
Додвар: «Ҳоло фақат мех, мўҳтарам сафедкунанда! Гандум ба сари худ!»
Ҳомӣ: «Хуб... Дар гуму нобуд шудани мехи андозааш 150 мм мудири анбор Хуро ҳеҷ гуноҳе надорад ва огоҳ ҳам нест. Ў дар як кулбаи назарногири аз бобойи бобокалони занаш боқимонда зиндагӣ мекунад ва дар ягон ҷойи имораташ мехи нав нест. Иморат бо усули меъмории қадим, яъне бо мехи чўбӣ корбаст шуда, дар он ягон мехи оҳанӣ коргар нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор