Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зани ҳамсоя ба пурс посух надода, мошини «Нива»-и чордара омада истод ва сарҳанги фарбеҳ шикамашро базўр аз зери чанбари фармон раҳо карда фуромад. Занак гурехтанӣ шуд.
— Ҳа, янга нашинохтед?
Занак баргашта нигарист ва табассум кард:
— Чӣ хел нашиносам? Шумо ба ман бахт овардед-у; ман кўрнамак не. Ба ҳамсоя гап дошта бошед, халал нарасонам гуфтам.
— Не, халал намерасонед. Саврихон бо мо хеш.
— Ин кас бародари Ботурбой. – Фармуд Саврӣ.
— Кадом Ботурбой?
— Ботурбой номи шавҳари Саврихон, янга. Ҳамсоя мегўеду намешиносед?
— Ҳа... Шуморо бори аввал дар чунин либос мебинам. Вақтҳое ки наздатон мерафтам, як либоси осмониранги дўхти янгаамро мепўшидед; чашмам ба ҳамон одат карда буд; сонеш баъд, гумон надоштам, ки шумо ба чунин ҷойҳои нообод меоед.
— Мо обод карданӣ ин ҷоро.
— Ман ҳам ба умед омадам, ки ҳамин ҳавлиро фурўшанд агар, харем.
Фолбин-табиб ба Саврӣ нигарист:
— Фурўхтаниед, келинд?
— Ин хонаи мо нест...
— Мардак як «Лимузин» хариданӣ. Дар дигар кўчаҳо вай тоб намехўрдааст; ҳамин қадар дароз будааст вагон барин. Ҳамин ҷо ҷудо боб.
— Дар куҷои ин ҳавлӣ «Лимузин»-и шумо қад медиҳад?
— Мақсадамон кўчаро ҳамроҳ карданӣ; дароооз мешад.
— Одамон куҷо мераванд? Баъд кӣ рухсат медиҳад?
— Шумо аҷиб будаед, табиб: пул! Карда истоданд-ку? Ана вай командир дами каналро баста, кўчаро ҳам девор карда, дар худи рўйи роҳи бетониаш дарвозаи нестандарҷаҳон шинонидааст.
— Оқибат надорад, янга. Ман аз ин корҳо бохабар. Сар шудагӣ тафтишу «Аз куҷо ёфтӣ?» Чанд рўз шуд наомадани почома?
— Ҳамин шаб шаби омаданашон.
— Намеояд.
— Чаро?
— Агар ҳамин шаб наояд, дигар намеояд...
Даҳони занак кушода монд, пурсида натавонист. Чунки навигариҳои ахбори марказу мамолики дигарро мегуфт телевизор ва ў ҳам баъзан гўш карда таги дилаш сиёҳӣ мебаровард, ки ягон кору ҳол шавад, якбора ҳашт зан бечора мегардад; ҳавлию ҳарамро давлатӣ мегардонанд; худи мардакро чӣ кор мекунанд? Худо донад. Чунин андешаҳо дар хаёли зан буд. Аммо аз мошини дигар фуромадани одами ҷомаву дасторпўши гунбади каллапўшаш чун каллапўши Мавлонои Балхӣ ракеташаклро дид, ки нав риши сиёҳ монда, ношинос шудааст.

пешина
аз 378
навбатӣ