Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Хоҳиши Саврӣ буд. Фолбин-табиб худро ноҷўр ҳис кард; ташвиш додан нахост. Гумон дошт, ки онҳоро хиҷолатманд мегардонад:
— Ҳама корҳо сомон ёбанд, сонӣ!
— Уҳу-уҳу Фолбин-табиб табассумкунон ба Ботурбой нигарист: «Ёд мегиред; ҳамаашро ёд мегиред!»
Ботурбой чизе нагуфта, як даст бар сари сина, дасти дигар ҷониби дари хона ўро ба дарун мехонд. Фолбин-табиб ноилоҷ розӣ шуда «Танҳо баъди шумо!» гуфт. Аммо Ботурбой далели дигар овард: «Меҳмон аз падар ҳам бузург!» Ва баробари аз дари хона сар халонидан ботил будани гумонҳояшро яқин кард ва замираш равшан гашт: даруни хона на чунон буд, ки берун. Озода, тоза, деворҳо бо қоливу тўрпардаҳо зебу оро дода шуда буданд.
Ва бўйи хуши садбарги боғӣ меомад. Вале дар хона гулу гулдон набуд. Кўрпачаҳо гирди хонтахта густурда ва дар ҳар кунҷи он лўлаву болишт гузошта шуда буд. Аз хонаи дигар бўйи нони гарм меомад. То нишастанду даст ба дуо бардоштанду меҳмон хонаро аз назар гузаронд, ки Саврӣ рўйи хонтахтаро пур аз нозу неъмат кард. Чой дам карда овард. Аммо нанишаст. Чунин тарзи меҳмондориро меҳмон хуб медонад: «Халқи мо меҳмоннавоз».
Чунин расм аз қадим мондааст; ҳатто аз замоне, ки то остонаи «Коммунизм» як қадам монда буд, ҳамин хел рафтор мекарданд:
Аз Марказ намоянда ояд, хонаи ягон шиноси дилобхўр ё корманди апаратро камбағал ё нодортарин оилаи замон нишон дода, бар замми чизҳои доштааш қоливу пардадарҳои зебо, тўрпардаҳои навбаромадро дар танаи девор мехкўб карда, дару тиреза ва деворҳои ҳавлиро орову торо медоданд; сапеду сабз мекарданд; дами дарвоза мошини нав мегузоштанд; аз пойи гўсфанд дар шохи дарахт меовехтанд; рўйи мизи бори аввал ба ин хона даромадаро пур аз нозу неъмати хориҷӣ мегардониданд; соҳибхонаҳо либосҳои оҳорӣ мепўшиданд (тарзи пўшиданро надонанд ҳам, мепўшиданд), сонӣ меҳмони фиристодаро бо доираву думбак пешвоз мегирифтанд, ки худи Котиб пешандоз карда меовард. Вагарна он Котиб миллион сол гузарад ҳам, дар чунин хонаҳо меҳмон намешуд. Ва мегуфтанд: «Ин хонаи камбағалтарин одами замон аст, ки дувоздаҳ нафар фарзанд тарбия мекунад!»
Фиристода қарс мезад, дигарон тақлид мекарданд. Чун фиристода сархуш шуд, ангушти ишорат якка карда, тадидомез афшонд:
«Неее... Шумо бало!» Ва баъд; баъди рафтани фиристода гурўҳи дигар омад барои бурдани чизу чора.
— Чия?! Аз ҷое ки омадайӣ, бурав! Ин тўҳфаҳоро худи намояндаву Котиб оварданд! Ба нағзӣ наравӣ, ба худи марказ менависам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор