Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

бе ҳеҷ гуна тайёрӣ». Ва бозгардам, қиссаҳои барои ў бофтаро худам мегуфтам. Ба хотири хотирҳо чунин кардам: барои Саврӣ.
Лек гумон надоштам, ки зан то ин андоза побанди шў мешавад.
Ба ҷойи Саврӣ дигар оҷиза бошад, ба рўйи чунин шў туф мекунад.
Он вақт бангии ифлосаки хоболуд буд, зан ҳама дарду аламро ба дил гирифту аз баҳри ў набаромад; ҳоло Ҳазрат шудаасту ба меҳмонӣ хонааш намеояд, мисли занони рўйинатан ба ў дарнаафтад ё аз пасаш напояд ва тан ба дигар мард бахшида хоҳиш накунад, ки сирру савдои шў аён созад. Гумонам буд, ки дар чунон ҳолу рўз Саврӣ ба ҳарфи марди кўча ҳам гўш диҳад... Воқеан зан будааст. Мазмун, корҳое, ки барояш кардам, баробари гули зағир аҳамият надорад. Ў зиндагиро, хушбахтиро, мақому мартабаро чун фаҳмад, кас пай набарад. Зани дарунобод будааст; даруни хонаи ноободу назарногирро ч гуна орову торо додааст... Лекин Ҳазрат чаро хуш надорад ўро? Партофта мондааст ба ҳолаш.
Лаззати бузургӣ чашид, тарсам, ки бори дигар назди Худованд равад, хешро Пайғомбар хонад. Мурод аз бузургтарошиҳо ҳамин чиз аст; худро олимартабаву олинаҷод вонамудан ва йем аз охури баланд хўрдан. Ба ҷойи Ботурбой – Ҳазрат дигар кас бошад, ба худодода қаноат карда, дар лаби домони Саврӣ намоз мегузорад.
Ё «кўзаи навро об хунук» донад? Ҳар гулеро бўе, хонад? Лекин Саврӣ зани партобӣ нест... Ё як хўрокро ба такрор хўрдан гирӣ, ба ҷикка занад? Оши ҳамсоя бомазза бошад?... Аҷаб не, хаппак марди мардон дошта бошад? Аён нест. Ба гумонам, чунин зан бо чунон шў илоҷи кори хешро бояд ёбад. Девонагиҳои Ботурбой шояд аз ҳамин ҷо сар заду касе сарфаҳм нарафт? Зеро Ботурбой ин гиреҳро донад ҳам, гуфта натавонад; зеро боло туф кунад, ба рўйи хештан занад... Аммо чаро ман дидаву дониста ёвару раҳнамо шудам ўро? Ба мурод расонидам, ки Саврӣ ба қадри некиҳоям расад. Акси ҳол шуд. Шояд домангир ҳам шавад?... Ту беақлӣ, полковник. Оламро давру даврон карда омадӣ; афғону форсу арабу ҳиндуро дидӣ. Бо урус ҳамнишин будӣ, омада-омада пеши пойи Саврӣ банд шудӣ... Ва... худат ҳам бошӣ, аз Ҳазрат батар кунӣ. Ҳазрат-ку бурида партофт, худат будӣ, бурида ба фулонаш мезадӣ... Дорад... Надошта бошад, чунин намешавад. Собун не, ки бо шустан хўрда гардад. Оби баҳр аст, ки сангча андозӣ, кома шавад, чун зарби сангча гузашт, ҳалқа ҳамвор гардад. Ягон каси гузаро дорад... Не-не, медошт, зиндагиашро дигаргун мекард:
ё аз дасти Ботурбой кашида мегирифт. Ё илоҷи дигаре месохт.
Ба номи Худо, кашида мегирифт: ё ба зўрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зарр.
Гап занӣ, сўйи кас нигоҳ надорад, ҳазлу шўхӣ кунӣ, нахандад.
Чӣ гуна зан? Нафаҳмидам... Ў чӣ – ў чӣ? Ботурбой!... Олимақом шуданист? Пайғамбар шавад ҳам, аз бесаводиву нодонӣ шавад.
Зеро ягон пайғамбар ба суди мардуми бечора набошад; ба суди диндорон бувад; ба суди ононе, ки динро чун аслиҳаи мубориза истифода кунанд..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор