Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Дастшў ва дастоба аз дасти Саврӣ афтид. Дастон чуноне ки зарфҳоро медошт, нақш баста буданд холӣ. Ҳайкалтароше чунин санам тарошида натавонад. Андаке пеш дар симояш назокат ҳувайдо буд ва хуби хубон намоиш медод; ҳолиё як зани зиштрўйи шаттоҳ тобад, ки буғзи дарун ва нафрату алам ба рўй зада. Гўё зебойиву зиштрўии зан вобаста ба шўст. Пештар, ки чиз надоштанду эҳтироми заношўйӣ доштанд, аз андак алам Ботурбой худкушӣ кардан мехост; ҳолиё аз ҳамадорӣ Ҳазрати гумгашта киноя мезанад ва суханони канда-кандааш дилхарош бувад.
— Илоҳо, худогир шавад ин хона...
Гўйӣ дар набудани шў мина хобонда буданд, таркид. Ботурбойро дар сақфи хона часпонд ва хўрдаҳояш аз даҳону бинӣ рехтанд. Ў ба шавҳари ҳақиқии Саврӣ монанд гашт. Аз шифт ба зани хидматгузораш менигарист, ки чун тозаву озода гардонад олудаҳоро.
— Чич, чӣ гуфтӣ?
Чашмони ў чун чашмони кўршапараки дар шифт часпида тофтанд. Он сў нигоҳ карда натавонист зан.
Ин ҳама хаёл буд. Ботурбой чун қўчқори хуфта кўз меистод.
Саврӣ зуъм дошт; дастон зери бағал бар остона менишаст.
— Вақти хушӣ Худоро бояд ёд овард, на гоҳи ҷонканӣ.
— Мо чӣ кор кардем? Дар хидмати Худо...
— Мабод!
— Ту чӣ, бо ягон кофир ошно шудӣ?
— Мабод! Аз гирўдори дунё хулоса баровардам: аз ҳазор пайғамбари сохта як сарвари оқиду одил судмандтар бувад мардумро...
Ботурбой чорпо пеш ҳаракат кард ва куртаи сафеди дароздомони ҳоҷиёнаро бо гардондааш олуд.
Саврӣ берун тохт...
Хандаи баланди ҳамсоязан омад. Саврӣ пой нигаҳ дошт. Миёни саҳни танги ҳавлӣ музтар монд. Шў баромад аз хона. Занро дар ҳолати ногувор дида, пой аз остона дарун кашид ва дер нигарист сўйи зан: «Бехабар аз омаданам ваъдаву воиз карда бошад бо ошиқаш?» Айнан мисли ҳамсоязан ҳукм мекард, ки ошиқ доштани Савриро медониста бошад: «Сабаби ба ятимхона супурдани бачча ҳамин. Вагарна, аз писари худ хубтар ҳамроҳ доштан имкон дорад?» Бўйи бади олудаҳои либос андеша пароканд. Чизеро гуфт, ки ҳама умр дар мағзу даруни сина дошт:
— Ваъда дода будӣ?
Шояд Саврӣ чунин пурсро чашмдор буд; аз пас пойида дами дар омаданашро низ, ки тарзи истод дигар накард. Нашунида гирифт. Нанигашт. Сари дилаш пур-пури андешаву гуфтор; ғамбода гулўфишор; донае ё тиккае роҳи нафас гирифта. Роҳи раҳоӣ надорад. Ба ҳоли марде баднафс гашта буд, ки осема хўрок хўрда, нахўд ба роҳи нафас рафта, бурун наомада ўро кушта буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор