Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ба табиб-сарҳанг низ. Сарҳанг чандин бор ба дари бе Ботурбой омад, вале ноумед баргашт: на Ботурбойро дид ва на Саврӣ ўро рўйи хуш дод:
«Аз дасти ту барин ҳиласоз ба чунин рўз расидам!»
Ин ҳарфро Саврӣ дар ҳузури касоне гуфт, ки ҳанўз ҳам ба дами оруғдори Ботурбой, ки овозаашро шунидаанду надидаанд, бовар мекарданд ва ба умед рўйи пойҳои дардманди хеш нишаста мунтазир мешуданд. Пиразани ҳамсоя боз ҳамон коҳи кўҳнаро бод кард: «Беҳуда дарахтро бурид-дия, сояи хуб дошт!» Чунки «барги дарахтатон ба дилам задааст» гуфтанашро фаромўш кард; соҳилро об вайрон кунаду одамро одам. Аз ин рў Саврӣ баробари сиёҳии кампирро дидан рў панаҳ мекунад ва ё зуд ба баҳонаи нон гирифтан ба нонвойхонае медарояд. Аммо аз дасти кампири бекори серҷоғ раҳидан душвор: ба нонвойхона даромадани Савриро бинад, дами дари ў то омаданаш пойида мешинад. «Ҳа ҳамсоя, нон нагирифта баромадед?»
«Хамираш нарасида будааст!»
Нон лозим набошад ҳам, ба «дигараш» медарояд ва ду нон насия гирифта мебарояд. Ин кор ба дилаш зада бошад ҳам, барои рўйи кампирро надидан ду нони тафсон рўйи остин дошта, «дастам сўхт!» гўён ба хона даромаданӣ мешавад. «Тед ман як дам дорам» фармояд кампир ба суди хеш. Саврӣ баҳона ҷўяд: «корам зиёд, ҳамсояҷон». Кампир дер нигарон мешавад, ки ў мебарояд ва тамоми гапу гапчаҳои ғун кардаашро мегўяд; дилашро холӣ мекунад ва худ сабук гашта ва як навъ интиқом ҳам ситонида, миёнашро дошта нимланг то дари ҳавлӣ расида, як бор баргашта, ба дари Саврӣ менигарад: «Намурдӣ бо ҳамон шўдорӣ... Корашон зиёд...» Ин пиразан дар замонаш зани вазири иҷтимоъ буд ва дар пеши нафасаш истода намешуд; ҳанўз ҳам бо ҳамон даму нафас ҳарф мезанад. Лек он вақтҳо бо ин арўсаки ғариб гап ҳам намезад. Баъди шўяш мурдан ғарибсурат гашта «барги дарахтатон гаранг кард!» мегуфтагӣ шуд. Ҳолиё ба чунин ҳамсўҳбат зор, аммо Саврӣ гузаштаву имрўзаи дунёро андеша карда аз сўҳбати ў мегурезад, ки хоҳ-нохоҳ оқибат ба ҷароҳаташ намак мепошад.
Аввалҳо кам-кам гўш медод, ки ҳама ахбори дунёро медонад; аз саргаҳи шаҳр даромада аз обмўрии пасобаш мебарояд; баъд ба ғайбату бадгўйӣ пардохта ҳамсояҳоро сиёҳу сафед мекунад.
Инҳо ду кампир буданд: қоқи дарози осўхтапояш мурд; инаш ба кӣ гуфтану арз карданро намедонад; саги сўзанхўрда барин.
Ба назари Саврӣ одами аз баландӣ ба пастӣ афтода чунин бояд шавад. Ў рўймол қушқорак баста, ба касе гап намедод; рўйирост «шумо номаъқул кардед!» ҳам мегуфт. Ҳоло ин гапашро фаромўш кардааст, аммо зиёд мегўяд.
— Ин вақтҳо милиса намеояд, ҳамсоя?
— Кадом милиса!?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор