Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лек доштаҳо противогазҳои аз замони Тамаддун мондаро ба сару даҳону бинӣ кашида худро эҳтиёт карданд; надоштаҳо ба бемориҳои буғз, диқи нафас ва шушу меъда гирифтор шуда азоби гўрро кашиданд. Шоҳ ба чархбол нишаста ба бўстонсаройи канори Сайҳун гурехт. Ин ҳама корҳо ногаҳонӣ шуд; зеро мушон ба сохтани дижи зери заминӣ машғул буданд ва рўйи замин намебаромаданд. Мардум пиндоштанд, ки мушҳо аз дорўҳои маргбори савдогарон мурдаанд; ҳама дорўҳоро аз анбору хонаҳо, пештахтаи дорухонаҳо, бозорҳо ва халтаи ҷаллобон бардошта, бурда ба кадом ғору мағокҳо афканданд, то мабод бўяш табъи хуши мардумро нохуш гардонад; сонӣ мағозаҳоро пур аз хўроквории гаронбаҳо карданд. Чунин мавод сахт дандоншикан буд бебизоатонро. Ҳар мағоза бори кашвареро мефурўхт, ки нархаш «бардорад, зам бикун!» буд.
Якбора ҳуҷумовар шудани мушон ҳамаро безобита гардонд; осема кард: онҳо «коса куҷо монам» шуда хешро эҳтиёту саришта, вале мағозаҳоро фаромўш карданд ва мушон ризқи якумра захира сохтанд. Баъзе мудирони баҳонаталаб фурўшгоронро чунон танбеҳ доданд, ки онҳо дубора остонаи он мағозаро зер накарданд.
Бо вуҷуди чунин табаддулот Ҳазрат барнагашт ба хонааш.
Миш-миши ба мамолики араб ё ҳамсоякишварҳои он барои такмили ихтисос рафтани Ҳазрат басанда нагашта овозаи дигаре паҳн шуд: «Ҳазрат ба каргаси сафед мубаддал гашта ба осмон паридааст...» Ҳайратовар буд: чаро мурғ, уқоб, бозу кабўтар неву каргас шудааст Ҳазрат? Ҳама ҳарфу калоча ба гўши Саврӣ мерасид. Ғамӣ мешуд.
«Шумо ба ҳар гуна гапу калочаҳо бовар накунед, Саврихон!
Мардум шўх шудагӣ; баъзан аз пашша фил месозанд. Метарсам,
1 ки назди Бангла –Деш рафта бошанд.»
— Неее... Ҳамсоя-хола! Он кас инхелин не...
Чунин фармуд хоксорона Саврӣ ва ба рўйи пиразан нигарист, ки ранг гардонд. Аз зеҳн гузаронд, ки пиразан мақом мекунад.
Мазмун, шабаҳи Ботурбойро аз кадом роғе дидааст... Ва рўзе пиразанро тори боми ошёнаи дуввум дид, ки солҳои сол ба он баландии хавфнок ва ба сину соли ў номувофиқ баромада бошад.

21

Имшаб мушон базм доштанд; дар ҳамон бинои баландошёнаи сояафкан, ки дар зимистон яхи саҳначаи ҳавлии Ботурбойро зуб кардан намегузошт ва сояўи тира имкон намедод, ки сабза

  1. Мурод: Бен Ладин дар тобистон қад кашад, базми осмонкаф шуд: бойи замонавии навбаромад ба муносибати писар зоидани зани панҷумаш аз бойзан ҳавлиро харида, ба як тир ду нишон заданӣ шудааст; ҳам ба шодмонии писар, ки аз занҳои дигар фақат духтар дошт ва ҳам барои кӣ будани хешро ба ҳамсояҳо шиносонидан чунин зиёфат ороста буд.
пешина
аз 378
навбатӣ