Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Долларро ба дасти ў медоданд ё зери рўймоли дуррабастааш мехастанд, ки ақаллан дасташон ба рўймоли ў расад.
Вале чунин ҳаваси мастонаи ононро зан эҳтиром мепиндошт; шў умуман фарқ намекард; зеро ўро чунин зан қаҳт нест. Ин хел даст дасти одами дар мартаба аз худаш баланд бошад, бинад ҳам, нодида ангорад...
Аммо яку якбора чунон ғалмағал ва шўру қиём шуд, ки писарчаи ба «сартарошон» омода кардаро навбатистодагон пул часпонида натавонистанд. Садои доираву ғижжак баромаду доду фарёд ва чирру пирри занона; ҳама тела-тела сўйи дарвоза ҳуҷумовар шуданд, ки милиса дар тангно одамони ҷустуҷў доштаашро дастгир карда бошад. Ё балойи ногаҳонӣ аз таги по хеста бошад.
Кӣ пой мекўфт, кӣ доман меафшонд, кӣ чашм пўшида дод мезад; ҳамчунон ки мор печида ба пояшон. Курсӣ ба курсӣ мезад; тан ба тан бармехўрд; пой ба пой мепечид. Баъзе ширакайфҳои тарсу ва ононе ки аз сояи хеш тарсида мегаштанд ва бархе тагтарҳо калавида ё пешипо хўрда ба дигаре мезаданд. Ва баъди он ки дар тўйхона ду-се нафари ҳайрон монданд, тамошобинони тори дарахту сари бомҳо диданд, ки мушон рўйи хони неъмат рав монда чу лесак ҳама чизро аз як лаб лайс мекунанд ва рўйи дастархон нохўрданиҳо мемонад. Ва ҳанўз воҳима басанда нагашта мушони гурусна ё баҳонаталаб ва ё баду балову сияҳкор шикамҳо дам кунонида аз сари дастархон худро ба замин афканда роҳ ҷуста бурун мерафтанд аз ин базмгоҳ.
Дар ин миён бакавул кори шоиста кард: соҳибҷашни мўҳтарамро, ки умуман намефаҳмид ин ҳангомаҳо чӣ маънӣ дорад, сахт ба банди дилаш пахш карда ба ошёнаи баланд баровард ва ҳамроҳи модараш ба шабистон бурд, ки бехавф аст. Вале он ҷо мушон бадраи бойзанро пора-пора карда пул бурда буданд ва зарру зевари аз ангуштону гўш ва гардани бону зиёда мондаро куҷое пинҳон кардаанд. Бону тифлашро ҳам фаромўш карда дар суроғи бадра шуд, аммо пайдо накард. Бакавул намедонист аз шабистон барояд ё на?
Ба болойи ин ҳама чароғҳои барқии маҳалла хомўш шуд.
Телефонҳои дастии бешумор пеши пой равшан мекарданд. Касе ба касе нигоҳ накарда мегурехт. Садои мошинҳои бешумори чашмонашон равшан мебаромад: «Роҳ бидеҳ!»
Дар чунин ҳолату айём мошини дигаре ду чашмаш пур аз нур назди дарвозаи Ботурбой қарор гирифта чанд бор садо дардод, аммо касе дарвозаро боз накард. Сонӣ садои одамӣ баромад:
«Саврӣ! Саврӣ! Дарро кушо! Ин ман! Ботурбой! Аз мулки Чин устоҳо овардам! Бароят ҳавливу ҳарам месозам!»
Яқин Ботурбой «сим-сим», дарро кушо!» гуфтанро фаромўш карда буд, ки чароғҳои маҳалла фурўзон шуду дарвоза боз нашуд...

пешина
аз 378
навбатӣ