Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

биологӣ, модарзодӣ ва аз тарафи дигар ба хусусиятҳои иҷтимоӣ, ба роли онҳо дар тараққиёти психикаи одам вобастаанд. Одам дар баробари хусусиятҳои модарзодӣ (масалан, баъзе хусусиятҳои биноӣ ва шунавоӣ, баъзе хусусиятҳои системаи асаб) хусусиятҳои ба дастовардашударо низ дорад, ки онҳо зери таъсири шароитҳои муайяни ҳаёту фаъолият, зери таъсири таълиму тарбия (масалан, одатҳои ахлоқӣ) ҳосил мешаванд.
Психологияи буржуазӣ сабаби биологӣ доштани табиати психикаро эътироф мекунад, яъне онро тасдиқ менамояд, ки хусусиятҳои психикӣ модарзодӣ буда, бо имкониятҳои биологӣ, ки одам бо онҳо таваллуд шудааст, муайян карда мешаванд. Ҳамаи хусусиятҳои умумӣ ва индивидуалии психикаи одам пешакӣ ба ӯ дода шудаанд ва сабзидани ин сифатҳои характери ирсӣ дошта, протсесси тараққиётро ифода мекунад.
Масалан, дараҷаи тараққиёти қобилиятҳои ҳар як одам (ҳудуд ва ҳадди охири имконҳо) аз рӯи тақдир бо «фонди табиии қобилиятҳои» пешакӣ муайяншуда муайян карда мешавад.
Ҳарчанд дар асарҳои илмии ҳозираи психологҳои буржуазӣ аз хусуси роли таълиму тарбия ва муҳит сухани бисёр гуфта шавад ҳам, вале онҳо умуман таъкид мекунанд, ки имкониятҳои модарзодии биологӣ ҳудудҳои тараққиётро пурра муайян менамоянд ва ба ҳеҷ вазъ аз онҳо гузашта намешавад.
Торндайк дар ин бора ним аср пеш навишта буд, вале имрӯзҳо олимони буржуазӣ ин фикрро айнан такрор мекунанд: «Кӯдаконе, ки генҳои хуби қобилиятҳои ақлиро ба мерос гирифтаанд, ҳатто бе ҳеҷ таълими махсус одамони баландмаърифат мешаванд ва кӯдаконе, ки аз ин генҳо бенасиб мондаанд, ҳатто аз беҳтарин таълим фоида гирифта наметавонанд».
Психологҳои буржуазӣ барои асоснок кардани роли муайянкунандагии омили ирсият дар тараққиёти психикӣ, одатан ба

пешина
аз 223
навбатӣ