Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
назари диалектикӣ-материалистӣ ба табиати сифатҳои психикӣ муайян гардид. Инчунин ду нуқтаи назари қатъие, ки аққалият онҳоро тарафдорӣ намуданд, ошкор шуданд.
Яке аз онҳо табиати модарзодӣ ва ирсӣ доштани сифатҳои психикӣ ва қобилиятҳо мебошад, ки онро асосан баъзе биологҳо-генетикҳо тарафдорӣ менамоянд. Ин мавқеъ ҷараёни ташаккул ва тараққиёти сифатҳои психикиро ҳамчун протсесси баамалбароии «программаи генетикӣ»-и одам шарҳ медиҳад. Мувофиқи ин нуқтаи назар истеъдод як навъ комбинатсияи хуштолеи генҳо мебошад. Сифатҳои психикӣ бо генотипҳо, бо хусусиятҳои генетикии одам муайян карда мешаванд.
Ташаккул ва тараққиёти хусусиятҳои психикӣ протсесси зоҳиршавии (дар шароитҳои мувофиқи муҳит) сифатҳое мебошанд, ки ба хусусияти бо генҳо таъминшавӣ вобастаанд.
Тарафдорони нуқтаи назари дигар баъзе философҳо ва психологҳо мебошанд, онҳо сабаби тараққиёти психикиро маҳз дар таъсири фаъоли муҳити иҷтимоӣ, шароити ҳаёту фаъолият, таълим ва тарбия мебинанд.
Мувофиқи ин назария ҳамаи одамон ҳангоми таваллуд имкониятҳои табиии якхеларо барои тараққиёти ҳар гуна қобилияти хусусӣ, ба ҳар гуна дараҷа (то ба ҳадди гениалӣ) доранд. Агар Чайковский мусиқидони гениалӣ ва Пушкин шоири гениалӣ шуда бошанд, он гоҳ ба ин фақат шароитҳои ҳаёту фаъолияти онҳо сабаб шудаанд. Дар сурати дигар будани шароитҳо мумкин буд, ки Пушкин математик, Чайковский физик, Лобачевский мусиқишинос мешуданд.
Дастовардҳои илмии психология маҳдудият ва яктарафа будани ҳар ду нуқтаи назарро нишон медиҳанд, ҳатто ҳисобидан мумкин нест, ки хусусиятҳои генетикии одам ба таври якхела хусусиятҳои психологии ӯро муайян мекунанд. Инчунин фарқҳои индивидуалии заминаҳои табиии тараққиёти психикаро (масалан, фарқҳои индивидуалии нишонаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор