Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан- интерференсия ё худ таъсири манфии малакаи пеш аз худкардашуда ба ташаккули малакаҳои нав;
- таъсири байниҳамдигарии малакаҳо.
Малакаҳои мустаҳкамкардашударо одатҳо меноманд, яъне амалҳое, ки ба талаботи шахс табдил ёфтаанд. Одам дар ҷараёни фаъолияти ҳаёти худ одатҳои хуб ва бадро, ки бо онҳо мубориза бурдан зарур аст, метавонад ташаккул диҳад.
Дониш, маҳорат, малака ва одатҳо бо характери шахс зич алоқаманданд. Зарбулмасали ҳиндуёни қадим мегӯяд: "Рафтору кирдор бикорӣ одат мерави, одат бикорӣ характер медаравӣ, характер бикорӣ – тақдир медаравӣ".
Ба мураббии насли наврас ва духтур донистани қонуниятҳои азхуднамоии дониш, маҳорат ва малакаҳо дар ҷараёни таълим, бозӣ ва дигар намудҳои фаъолият беҳад зарур аст. Ин ба кӯдакон дар ҳолати ба вуҷуд омадани душворӣ ёрӣ мерасонад ва ташаккули онҳоро ба маҷрои муайяни зарурӣ равона мекунад.
Протсесси азхуд намудани дониш, маҳорат ва малакаҳо дар кӯдакон ба таври индивидуалӣ сурат мегирад, вале хусусиятҳои умумии синнусолии ин протсесс низ вуҷуд доранд. Масалан, ду хонандаи як синф барои нақл кардани матни китоб метавонанд маҷмӯи маҳорату малакаҳои гуногунро истифода баранд: масалан хонандае, ки маҳорати дар матн ҷудо карда тавонистани нуқтаҳои асосӣ, маъногӣ ва такягоҳиро дорад, ӯ танҳо як маротиба матнро мехонад, китобро мепӯшад ва онро хуб аз худ мекунад, хонандаи дигар, ки чунин маҳоратро надорад, матнро борҳо мехонад ва аксар вақт ба маънои он сарфаҳм намеравад, яъне онро "тутивор азёд мекунад".
Табиист, ки малака, маҳорат ва донишҳои хонандагони синфҳои болоӣ аз якдигар моҳиятан фарқ мекунанд. Хонандагони синфҳои болоӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор