Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
мехоҳад, худ ва олами ботинии худро фаҳмида гирифтан мехоҳад. Ба ибораи дигар, муошират дар давраи буҳронӣ бо фаъолияти ба худи шахс ҳамчун ба объект равонашуда зич пайваст мешавад, ки ба туфайли он шахсияти кӯдак ва худшиносии ӯ тараққӣ мекунад. Бинобар ин, давраҳои буҳронии тараққиёти кӯдак зери талаби «ман худам» мегузарад. Ин талаб саъю кӯшиши кӯдакро ба мустақилӣ, худисботкунӣ, худинкишофдиҳӣ ва худтарбиякунӣ ифода мекунад. Кӯдак гӯё аз калонсолон ҷудо мешавад ва калонсол барои ӯ на ҳамчун сарчашмаи фаъол, балки чун объект баромад мекунад. Аммо кӯдак ба муошират намудан бо ӯ ҳамчун бо дӯсти калонсол, чун бо «ман»-и дуюми худ эҳтиёҷманд аст. Бисёр вақт ноумедӣ, шубҳа, нобоварӣ ҳам ба «ман»-и дуюми худ ва ҳам ба худ пайдо мешавад.
Калонсолон, падару модар, муаллим, табиб бо сабаби чунин мураккабу пурихтилоф ва ивазшаванда будани олами ҳиссиётҳои ботинии наврас на ҳама вақт ӯро дуруст фаҳмида метавонанд.
Дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо наврас фаҳмидани он ҷиҳатҳо муҳим аст, ки ӯ аз калонсолон ҷудо шуда истода, ба онҳо боз ҳам эҳтиёҷ пайдо мекунад ва инчунин одами инкишофёбанда дар шубҳаҳо, дар мубориза бо худ ва калонсолон, дар низоъҳо худро дониста мегираду худро ҳамчун шахс собит менамояд. Ман кистам? Ман чӣ гунаам?
Сарнавишти ман дар ин олам чӣ гуна аст? Мавқеи ман дар байни одамон чист?
Ҳамин тариқ, саволу масъалаҳои зиёди мураккабро дар худшиносӣ ва худсобиткунии шахсияти ташаккулёбандаи ҳам сесола,, ҳам ёздаҳсола ва ҳам понздаҳсолаю ҳафтдаҳсола дучор омадан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор