Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

гапзаниро барои тараққиёти нутқи кӯдак аз будаш зиёд баҳо додан душвор аст. Вай барои такмилу тараққиёти аппарати нутқ (лабҳо, забон, нафаскашӣ, шунавоии фонетикӣ) ҳамчун зинаи тайёрӣ хизмат мекунад.
Кӯдак аввалан фақат бо тобиши эмотсионалии нутқи ба ӯ равонкардаи калонсолон, ба оҳанги нутқ, қиёфа эътибор медиҳад. Заминаҳо барои фаҳмидани нутқ, азхудкунии маъно ва моҳияти калимаҳо аз мобайнҳои давраи кӯдакӣ сар карда ба вуҷуд меоянд.
Такрори бисёркаратаи алоқаи калима бо предмет ба ин мусоидат мекунад. Ташаккули ин алоқа аз нигоҳ кардан ба ҷое, ки дар он одатан предмет меистад, ҳангоми талаффузи савол сар мешавад. Дар охири соли аввали ҳаёт алоқаи калима бо предмет дар ҷустуҷӯи предмет ва пайдо кардани он ифода меёбад.
Ин шакл ҳам бошад, ибтидои фаҳмидани нутқ аст, ки он ба туфайли воридшавии кӯдак ба системаи «Ман – одами дигар – олам (предмет)» ташаккул меёбад. Дар ин давра аксуламалҳои ҷавобии нутқӣ ба вуҷуд меоянд ва ба ин васила заҳираи ғайрифаъоли калимаҳо васеъ гашта, фаъолнокии нутқ меафзояду имконияти муошират намудан бо калонсолон вусъат мегирад.
Кӯдак дар ин давра ба муваффақиятҳои калон ноил мешавад, ҳаракаткунӣ ва истифодаи амалҳои соддаро бо предметҳо аз худ мекунад. Ӯ нигоҳ доштани сар, нишастан, хазидан, гавак кашидан, ҳолати вертикалиро гирифтан ва якчанд қадам гузоштанро ёд мегирад.
Ӯ ба сӯи предмет ҳаракат намуда, бо онҳо муносибат карданро ёд мегирад (доштан, ҳаракат додан, партофтан, предметро ба предмет задан), ки ба туфайли он ташаккули равия ба натиҷаи амал ба вуҷуд меояд. Кӯдак ба хосияту муносибатҳои предметҳо шинос мешавад, мавқеи худро дар фазо муайян мекунад ва ба василаи онҳо ҳис, идрок, хотира, тафаккур ва дигар протсессу ҳолатҳои психикӣ тараққӣ

пешина
аз 223
навбатӣ