Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

таъсирпазир шуда мемонад. Талабот ба муоширати нутқӣ афзуда, фаъолияти предметӣ ба зиёдшавии таассурот мусоидат мекунад, ки зимни он асоси азхудкунии маънои калимаҳо – алоқаманд намудани онҳо бо образи предмет ва ҳодисаҳои ҳақиқӣ ба вуҷуд меояд. Фаҳмидани нутқи калонсол такмил ёфта, нутқи фаъоли худи кӯдак низ ташаккул меёбад. Дар ибтидо протсесси фаҳмиши ӯ аз ҳудуди вазъияте, ки дар он муошират ба амал меояд, намебарояд, вале минбаъд шунидан ва фаҳмидани нутқ аз ҳудуди муошират баромада, кӯдак акнун метавонад дар бораи ашёҳое гап занад, ки онҳо берун аз вазъияти муошират мондаанд. Нутқи фаъоли кӯдак то якунимсолагӣ нисбатан суст инкишоф ёфта, захираи луғавии ӯ то 100 калимаро дар бар мегирад. Захираи фаъоли луғавӣ дар охири дусолагӣ то 300 калима зиёд шуда, дар соли сеюми ҳаёт ба 1500 калима мерасад. Кӯдак тадриҷан аз нутқи автономӣ, ки истифодаи калимаҳои «кӯдакона», вайрон карда гуфтани калимаҳои муқаррарӣ ба нутқи солим мегузарад. Дар баробари васеъшавии захираи луғат ва мукаммалшавии талаффуз, азхудкунии сохти грамматикии забони модарӣ низ ба амал меояд, ки дар натиҷа кӯдак амалан дуруст аз калимаҳо ҷумла сохта метавонад.
Асоси тараққиёти ақлии кӯдаки давраи ибтидоии бачагиро ташаккули намудҳои нави амалҳои фикрию иҷрокунӣ ташкил медиҳад.
Кӯдак ҳангоми идрок намудани предмет ягон қисми онро ҷудо мекунад, боқимондаи онро бошад, ҳамчун қисмҳои номуҳим инъикос менамояд. Кӯдак ҷудо кардани аломатҳои предмет ва ё тасвири онро ёд мегирад. Маҳорати ба таври биноӣ, на танҳо аз рӯи амалҳои берунӣ нисбат додани хосияти предметҳо ташаккул меёбад.
Интихоби биноии предметҳо аз рӯи намуна ба кӯдаки 2,5–3-сола муяссар мешавад. Кӯдаки сесола метавонад шаклҳои соддатарини геометрӣ (доира, квадрат, секунҷа, росткунҷа) ва 7-8 рангро (сурх, норанҷӣ, зард,

пешина
аз 223
навбатӣ