Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
назар дорад, сохтани олоти меҳнат, дар навбати худ фаҳмидани мақсадро талаб мекунад, ки он бе муоширати нутқӣ имконнопазир аст.
Пас, нутқи инсон дар ҷараёни меҳнат пайдо мешавад ва тараққӣ мекунад.
Фаъолияти меҳнатӣ на танҳо ба инкишофи даст ва узвҳои ҳиссии одам, балки ба ташаккули минбаъдаи майнаи сар низ мусоидат мекунад.
Дар таърихи ҷамъияти инсонӣ ивази форматсияҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад, ки ин ҳолат дар шуури одамон низ инъикос меёфт. Одам ба туфайли тафаккур қобилияти муқоиса намудани гузаштаю ҳозира ва дониста гирифтани қонуниятҳои тараққиёти табиату ҷамъиятро соҳиб мешавад. Одам бо донистани қонуниятҳои тараққиёти табиату ҷамъият метавонад мақсади фаъолиятро бошуурона ба нақша гирад ва ояндаро пешбинӣ кунад.
Такмили фаъолияти меҳнатӣ дар давоми ҳаёти инсон ва инчунин ҳосилшавии таҷрибаи бой ба он мебарад, ки шуур дар протсесси тараққиёти таърихӣ боз ҳам характери эҷодиро соҳиб шудан мегирад.
Шуури одам дар алоқа бо дигаргуниҳои муайяни дар таърихи ҷамъияти инсонӣ ба амал омада пайдо мешавад ва тараққӣ мекунад.
Характери ҷамъиятӣ-таърихиро доштани шуури одам хусусияти якуми он аст, ки ӯро аз психикаи ҳайвонот фарқ мекунонад ва моҳияти онро механизмҳои биологии мутобиқшавӣ ва рафтор ташкил медиҳанд.
Психикаи ҳайвонотро фақат мутобиқ шудан ба шароитҳои мавҷудаи ҳаёт таъмин мекунад, аммо шуури одам имконияти ба олами иҳотакарда фаъолона таъсир бахшидану дигаргун сохтани онро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ хусусияти дуюми фарқкунандаи шуур табиати фаъоли он мебошад. Фаъолияти бошууронаи одам ҳамеша мақсаднок аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор