Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

меистад, ки он ба идроки бевоситаи предметҳо такя мекунад. Талабаҳои синфи дуюм бошанд, аллакай метавонанд предметҳоро бе амалҳои конкретӣ бо худи онҳо таҳлил кунанд. Онҳо барои бо нутқ ҷудо намудани аломату ҷиҳатҳои предмет қобилият доранд. Ин талабаҳо аз таҳлили ҷудогона ба таҳлили алоқаю муносибатҳои байни предмету ҳодисаҳо мегузаранд. Чунин таҳлили абстрактиро аллакай дар талабаҳои синфҳои сеюм мушоҳида кардан мумкин аст ва тараққиёти он минбаъд дар асоси муттасил омӯхтани фанҳои зиёди таълимӣ ба вуҷуд меояд.
Тараққиёти шахсияти бача дар синни хурди мактабӣ
Ҳарчанд синни хурди мактабӣ давраи дигаргуниҳои ҳалкунанда дар тараққиёти шахсият набошад ҳам, бо вуҷуди ин шахс дар он ба дараҷаи маълум ташаккул меёбад. Чи тавре ки қайд карда шуд, ба мактаб омадан давраи дигаргуниҳои қатъӣ дар ҳаёти кӯдак аст. Ба ин синну сол ба муносибатҳои нав бо калонсолон (муаллимон) ва ҳамсиннон (ҳамсинфон), ба системаи нави коллективҳо (мактабӣ, синфӣ) ва намуди нави фаъолият – омӯзиш, ки дар назди талаба як қатор талаботи ҷиддӣ мегузорад, дохил шудан хос аст. Ҳамаи ин ба ташаккулёбӣ ва мустаҳкамшавии системаи нави муносибатҳо ба одамон, коллектив, омӯзиш ва иҷрои вазифаҳои ба онҳо алоқаманд таъсири ҳалкунанда мерасонад, характеру иродаи бачаро ташаккул медиҳанд, доираи шавқу ҳаваси ӯро васеъ менамоянд, қобилияташро тараққӣ медиҳанд.
Дар синни хурди мактабӣ заминаи рафтори ахлоқӣ гузошта мешавад, бачаҳо меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторро аз худ мекунанд, ташаккулёбии равияи ҷамъиятии шахс сар мешавад.
Характер
Зуҳуроти характери мактаббачаи хурдсолро набояд ҳамчун шаклҳои устувору мустаҳкамшудаи рафтор ҳисобид. Характер

пешина
аз 223
навбатӣ