Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
синнусолӣ тақлид аст, ки мактаббачаи хурдсол кӯшиши ба калонсолон, ба баъзе ҳамсолон ва инчунин ба қаҳрамонҳои китобу филмҳои дӯстдошта пайравӣ кардан мекунад.
Мактаббачаи хурдсол ниҳоят эмотсионалӣ мебошад. Аввалан, идрок, мушоҳида, хаёл, фаъолияти фикрии мактаббачаи хурдсол тобиши эмотсионалӣ дорад. Дуюм, мактаббачаҳои хурдсол (махсусан дар синфҳои якуму дуюм) ҳиссиёти худ ва зуҳуроти берунии онро нигоҳ доштан наметавонанд, онҳо хурсандӣ, ғамгинӣ, ғусса, тарс, мамнуният ва норизогии худро бевосита ва ошкоро ифода менамоянд. Сеюм, ҳаяҷоннокии мактаббачаҳои хурдсол дар ноустувории калони худи ҳаяҷони онҳо, зуд-зуд иваз шудани ҳолати рӯҳӣ, ба аффект майл доштан, дар зуҳуроти кӯтоҳмуддат ва пурҷӯшу хурӯши хурсандӣ, ғамгинӣ, ғазаб ва тарс ифода меёбад. Қобилияти ба тартиб даровардани ҳиссиёти худ, боздоштани зуҳуроти нофорами он сол аз сол бештар тараққӣ мекунад.
Солҳои аввали таҳсил дар мактаб солҳои тараққиёти пуравҷи шавқу ҳавас мебошанд. Шавқу ҳаваси аз ҳама асосӣ – ин шавқу ҳаваси маърифатӣ, дониста гирифтани дунёи иҳотакарда, саъю кӯшиши ҳарчӣ зиёдтар дониста гирифтани он мебошад. Чи тавре ки психологҳо қайд мекунанд, аввал шавқу ҳавас ба фактҳою ҳодисаҳои алоҳида (дар синфҳои 1–2) зоҳир мешавад, сипас шавқу ҳавас ба ошкор кардани сабаб, қонуният, алоқаҳо ва вобастагии байниҳамдигарии ҳодисаҳо (синфи 3 ва махсусан 4) алоқаманд аст.
Дар синни хурди мактабӣ тараққиёти бадеӣ-эстетикии бачаҳо бомуваффақият мегузарад. Бачаҳои ин синну сол одатан ба расмкашӣ, ҳайкалсозӣ, сурудхонӣ ва мусиқӣ шавқу ҳавас зоҳир менамоянд.
Синни хурди мактабӣ барои тарбияи муносибатҳои коллективистӣ имкониятҳои калон дорад. Хонандаҳои синфи якум ҳанӯз худашонро ҳамчун қисми коллективи ягона ҳис намекунанд, онҳо то дараҷае дар маънои муайян аз ҳамдигар ҷудо ва новобаста мебошанд, аксар вақт дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор