Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
навҷавониро ва аз ин рӯ дар синну соли наврасӣ ҳудудҳои қатъӣ мавҷуд нестанд.
Ба вуҷуд омадан ва бартараф намудани зиддиятҳои байни талабҳои нави дар натиҷаи фаъолияти наврас пайдошуда ва имкониятҳои афзудаи ҷисмонӣ, ақлӣ ва маънавии наврас ва шаклҳои кӯҳнаю пештар шаклгирифтаи ташкили психикӣ, муносибати ӯ ба атрофиён асоси тараққиёти бачаҳои синни наврасӣ мебошад.
Ҳангоми бартараф ёфтани ин зиддиятҳо намуд ва шаклҳои боз ҳам мураккабтари фаъолият, дараҷаи боз ҳам баландтари тараққиёти психикӣ, маънавӣ, ақлӣ ва сифатҳои нави психологии шахс ташаккул меёбанд.
Дар синну соли наврасӣ ба таври равшан ҳодисаи акселератсия – инкишофи пурзӯри ҷисмонӣ, физиологӣ ва психикӣ зоҳир мешавад. Дар ин давра инкишофи пурзӯр ва дар айни замон номунтазами ҷисмонӣ мушоҳида карда мешавад. Ин давраи пурҷӯшу хурӯши инкишофи организм мебошад, ки дар он тараққиёти пурзӯри бадан ба вуҷуд меояд, аппарати мушакӣ такмил меёбад, протсесси устухоншавии скелет давом дорад. Наврас зоҳирати номутаносиб ва нозеб менамояд, ки ин ҳолат аз инкишофи номунтазами ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд. Инкишофи пурзӯри скелет ва дасту по ба дарозӣ рӯй медиҳад, вале қафаси сина дар инкишоф қафо мемонад. Умуман, намуди зоҳирӣ ба наврас ташвиш ва таассуротҳои зиёдеро ба миён меорад. Дар наврасон номувофиқатии синнусолӣ дар инкишофи системаи дилу рагҳо мушоҳида карда мешавад. Ҳаҷми дил хеле меафзояд, тавонотар мешавад, инкишофи диаметрии рагҳои хунгард ақиб мемонад. Ин аксар вақт ба вайронии мувофиқати гардиши хун, баландшавии фишори хун боис мешавад, ки дар натиҷа дар наврасон сарчархзанӣ, тапидани дил, дарди сар, сустии муваққатӣ, тез хасташавӣ мушоҳида карда мешавад. Хусусиятҳои қайд карда шудаи системаи дилу раг ва ибтидои фаъолияти пуравҷи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор