Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
пӯстлоқи нимкураҳои калон хусусиятҳоеро пайдо мекунад, ки онҳо ба сохти ҳуҷайраҳои майнаи сари одами калонсол хосанд. Миқдори торҳои ассотсиативӣ, ки минтақаҳои пӯстлоқро байни худ мепайванданд, зиёд мешаванд. Дар натиҷа барои мураккабшавии фаъолияти таҳлилию таркибии пӯстлоқи нимкураҳои калон дар ҷараёни таҳсил ва меҳнат заминаҳо пайдо мешаванд. Дар мактаббачаҳои синни калони мактабӣ ҳаяҷони асабии баланд, вайроншавии фаъолияти мӯътадили системаи асаб мушоҳида мешавад, ки онҳо дар натиҷаи нодуруст тартиб додани тарзи зиндагонӣ: машғулиятҳои шабона, нокифоягии хоб, аз ҳад зиёд хастагӣ, тамокукашӣ, хӯрокҳои камғизо, одатҳои бад ва ғайра рӯй медиҳанд.
Одатан дар ибтидои синни калони мактабӣ балоғати ҷинсӣ ба охир мерасад, вале аломату нишонаҳои дуюмини он тараққӣ меёбанд, ки дар намуди зоҳирии ҷавондухтарон ё худ ҷавонписарон дигаргуниҳои чашмрасро ба вуҷуд меоваранд. Протсесси балоғати ҷинсӣ дар баъзе ҳолатҳо кашол меёбад (бештар дар писарон) ва аз ин рӯ дар мактаббачаҳои синни калони мактабӣ баъзе хусусиятҳои ҷисмонии ба наврасон хосбуда боқӣ мемонанд.
Бояд дар ин ҷо қайд кард, ки баохиррасии давраи балоғати ҷинсӣ (дар 15–16-солагӣ) ҳоло аз ҷиҳати ҷисмонӣ, психикӣ ва маънавӣ ба камол расидани навҷавонро ифода намекунад. Навҷавонҳои ҳаштдаҳсола аз тарафи ҷамъият ҳамчун одами калонсол эътироф карда мешаванд.
Яке аз тавсифдиҳандаҳои муҳимтарини давраи навҷавонӣ он аст, ки шахси ташаккулёбанда интихоби касбу кор мекунад, ба худмуайянкунии ҳаёту фаъолияти оянда даст мезанад.
Тадқиқотҳо нишон доданд, ки тасаввурот ва дониши ҷавонон дар бораи касбу корҳо тахминию хомакӣ мебошанд. Онҳо ҳангоми интихоби касб меъёру ченакҳои гуногунро (он ҷое, ки конкурс кам аст, нуфузу эътибори касб дар ҷамъият, бо нишондодҳои падару модарон ва ғайра)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор