Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
кирдорҳои аз меъёри умумӣ беруншуда дониста мешавад. Ин рафтор аз меъёри умумӣ ё бо сабаби мавҷуд будани патологияи рӯҳӣ берун мешавад ё бо сабаби рафтори зидди иҷтимоӣ, ки он меъёрҳои маданию иҷтимоиро вайрон мекунад. Махсусан вайрон кардани меъёрҳои иҷтимоӣ (майзадагӣ, нашъамандӣ, рафтори таҷовузкорона, рафтори суитсидалӣ) ба дигар омилҳо вобастагӣ дорад. Масалан, майзадагӣ ва нашъамандӣ дар ҷавонӣ ба санҷиши рӯҳии худ ё ҷустуҷӯи ҳиссиётҳои ғайриоддӣ, кӯшиши аз назорати барзиёд ва меъёрҳои маданияти калонсолон халос шудан вобастагӣ дорад.
Рафтори таҷовузкорона
Таҷовузкорӣ ва бераҳмӣ хусусиятҳои хоси рафтори гурӯҳии наврасон ва ҷавонон мебошад. Амалҳои зиддиҷамъиятие, ки якҷоя содир мекунанд, ҳиссиёти ҳамдилии гурӯҳиро мустаҳкам менамояд ва дар баробари ин масъулияти шахсии ахлоқӣ аз байн меравад.
Рафтори худкушии (суитсидалии) ҷавонон ё аз сабаби бемории рӯҳӣ ё низоъ ба амал меояд. Пешгирии худкушии шахсоне, ки рӯҳан солиманд, на танҳо аз бартараф кардани низоъ, балки аз ташкил додани чунин муҳити гарме иборат аст, ки дар он наврас ё ҷавон худро танҳо ҳис накунад.
Шаклҳои гуногуни рафтори девиантӣ дар байни ҳамдигар зич алоқаманд мебошанд. Ба як намуди рафтори девиантӣ ҷалб шудани ҷавон метавонад боиси ба дигар рафтори девиантӣ ҷалб намудани ӯ гардад. Ҳамаи ин хусусиятҳои рафтор ба ислоҳ ва роҳбарии махсус муҳтоҷанд, ки дар он барои пешгирӣ намудани шаклҳои девиантии рафтор бояд хусусиятҳои психологии синну соли ҷавон ба инобат гирифта шаванд.
Беҳдошти рӯҳии шахси баркамол
Фаъолияти асосӣ дар ин синну сол меҳнат мебошад. Шаклҳои ҳозираи меҳнат ба фаъолияти рӯҳии инсон мураккабиҳои зиёдеро ба миён меоранд. Ин мураккабиҳо дар майнаи сари инсон метавонанд таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дошта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор