Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

бошанд. Роҳи ҳалли ин масъалаҳо вобаста ба намуди фаъолият дар психологияи иҷтимоӣ, тиббӣ, инженерӣ омӯхта мешавад.
Масъалаҳои беҳдошти рӯҳӣ дар синну соли камолот бевосита бо оила алоқаманд мебошанд. Онҳо бо муносибатҳои байниҳамдигарии зану шавҳар, алоқаҳои хешутаборӣ, муносибатҳои анъанашудаи байни волидону фарзандон вобастаанд. Аз ин рӯ, беҳдошти рӯҳии оила яке аз қисматҳои муҳимтарини беҳдошти рӯҳӣ буда, ба коркарди чорабиниҳои пурмаҳсуле, ки боиси мӯътадил гаштани ҳаёти оилавӣ мегарданд, равона карда шудааст.
Беҳдошти рӯҳии шахсони куҳансол
Дар давраи ҳозира аз сабаби дароз шудани умри одамон беҳдошти рӯҳии шахсони куҳансол хеле муҳим мебошад. Аз ин шиори «Зиндагии ҳақиқӣ дар пиронсолагӣ», ки онро соли 2002 Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) пешниҳод кардааст, шаҳодат медиҳад. Мазмуни асосии ин шиорро зарурати таъмин намудани талаботҳои хусусии шахсони куҳансол ташкил медиҳад. Барои ба даст овардани ин мақсад шахсони куҳансол бояд ба амалиёти фаъолона ҷалб карда шаванд, ки дар он чорабиниҳои беҳдошти рӯҳӣ риоя карда, хусусиятҳои рӯҳии онҳо ба инобат гирифта мешаванд. Ҳангоми ҳалли масъалаи одаткунии шахсони куҳансол ба муҳити нав ва амалиёти фаъолона таҷрибаи бои ҳаётии онҳо низ бояд ба назар гирифта шавад.
Асосҳои пешгирикунии рӯҳӣ
Чи хеле ки дар боло қайд кардем, беҳдошти рӯҳӣ ва пешгирикунии рӯҳӣ бо ҳам зич алоқаманд мебошанд, аз ин рӯ чорабиниҳои беҳдошти рӯҳӣ хусусияти чорабиниҳои пешгирикунии рӯҳиро доро мебошанд. Аҳамияти муҳими омили «берунӣ» (экзогенӣ) дар этиологияи касалиҳои рӯҳӣ нишон медиҳад, ки қисман пешгирии рӯҳӣ бо пешгирии умумӣ рост меояд.

пешина
аз 223
навбатӣ