Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

истифодаи дурусти усулҳои табобат, усулҳои тасҳеҳу ислоҳи педагогию психологӣ ва истифодаи чорабиниҳои одаткунонӣ мақоми асосӣ дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои беҳдошти рӯҳӣ ва пешгирикунии рӯҳӣ ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои индивидуалӣ-психологӣ ва синнусолии шахсияти бемор ҳатман зарур аст, ки аз хусусашон дар бобҳои гузаштаи психологияи умумӣ ва синнусолӣ қайд карда будем.
Асосҳои муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ (психотерапия)
Муолиҷа бо воситаи таъсироти рӯҳӣ яке аз намудҳои табобат мебошад, ки бо ёрии он ба психикаи бемор таъсир расонида, аломатҳои касалиро аз ҷисми бемор берун мекунанд.
Мафҳуми «психотерапия» аз ду калимаи юнонӣ иборат аст: psyche – ҷон, рӯҳ, шуур ва therapeia – табобат, муолиҷа. Дар он барои табобати шахси бемор таъсироти рӯҳӣ ба таври мақсаднок истифода мешавад.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим таъсироти рӯҳии як гурӯҳи одамон ба ҳолати рӯҳии дигарон маълум аст. Табобати касалиҳо аз тарафи коҳинони ибодатхонаҳо, истифодаи дуохонӣ, «рақсҳои» соҳирон асосан ба таъсироти рӯҳии шахси бемор равона карда мешуданд.
Дар китоби қадими тиббии Эберс (асри XVI то м.) дар қатори 900 тавсифи доруҳои шифобахш дуоҳое низ оварда шудаанд, ки шахси бемор ҳангоми хӯрдани онҳо бояд хонад. Мазмуни яке аз онҳо чунин

пешина
аз 223
навбатӣ