Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Мафҳуми пешгирикунии рӯҳӣ як қисми пешгирикунии умумиро дар назар дорад, ки дар он чорабиниҳо ба пешгирикунии бемории рӯҳӣ равона карда шудаанд.
Вазифаҳои асосии пешгирикунии рӯҳӣ инҳоянд: пешгирии таъсири омилҳои этиологӣ ба ҷисм, ки метавонанд касалиро оваранд, пешгирикунии инкишофи касалӣ бо ёрии ташхис ва табобат, ба кор бурдани чораҳои тиббӣ, ки ба пешгирии такрор шудани касалӣ ва ба шакли доимӣ табдил ёфтани он равона шудаанд.
Пешгирикунии ибтидоӣ, дуюмбора ва сеюмбораи рӯҳӣ аз ҳам фарқ доранд. Дар зери мафҳуми пешгирикунии ибтидоӣ чорабиниҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба пешгирии бемории рӯҳӣ равона шудаанд.
Тарбияи дурусти кӯдак, мубориза бо зарарнокии экзогенӣ, ки метавонанд тараққиёти рӯҳиро боздоранд, инфантилизми (ақибмонии инкишофи рӯҳии) рӯҳиро ба амал оварда, боиси ноустувории рӯҳии инсон ба таъсироти берунӣ шаванд, аз ҷумлаи ин чорабиниҳо мебошанд.
Дар пешгирикунии ибтидоӣ чорабиниҳои умумии пешгирикунии касалиҳои гузаранда, заҳролудшавӣ, захми косахонаи сар, муҳофизати модар аз таъсироти берунии зарарнок ба тифли батни ӯ ва ҷисми навзод мақоми махсус доранд.
Мафҳуми пешгирикунии дуюмбора системаи чорабиниҳоро дар назар дорад, ки ба пешгирии протсесси шиддатгирии касалии нав саршудаи рӯҳӣ равона шудаанд. Барои амалӣ кардани пешгирии дуюмбора бояд чорабиниҳое гузаронида шаванд, ки ба онҳо ташхиси барвақтӣ, муқарраркунии пешгӯии ҳолатҳои барои бемор хавфнок, оғози барвақти табобат, ба даст овардани ифоқат (ремиссия)-и пурра, пешгирии имконияти такроршавии беморӣ дохил мешаванд.
Дар зери мафҳуми пешгирии сеюмбора он чорабиниҳое дар назар дошта шудаанд, ки ба пешгирии тараққиёти маъюбӣ ҳангоми бемории рӯҳии доимӣ равона карда шудаанд. Ҳангоми пешгирии тараққиёти маъюбӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор