Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
гипнотерапияи коллективонаро барои табобати майзадагӣ ва ҷунуният ба таври васеъ истифода мебаранд. Тарзи гузаронидани гипнотерапияи коллективона аз гипнотерапияи индивидуалӣ фарқ намекунад.
Давомнокии гипноз аз 15 то 20 дақиқа аст. Миқдори сеансҳо аз хусусияти беморӣ, ҳолати шахси бемор ва натиҷаи табобат вобастагӣ дорад. Масалан, барои бартараф намудани аломатҳои васвосӣ як сеанс кифоя аст. Одатан миқдори сеансҳо набояд аз 15 зиёд бошад.
Се дараҷа хоби гипнозиро фарқ мекунанд. Ба дараҷаи якум хоболудӣ хос аст, вале гипнозшаванда метавонад ба талқин муқобилият нишон диҳад. Дар дараҷаи дуюм бемор чашмонашро кушода наметавонад; баъди бедоршавӣ он чизеро, ки дар ҳолати гипноз дида буд, одатан дар хотира нигоҳ медорад. Дараҷаи сеюмро хоби чуқур (сомнамбулизм) ташкил медиҳад ва он бо амнезия, талқини гипнозию баъдигипнозӣ тавсиф дода мешавад. Ҳамин тавр, ба бемор ҳангоми дараҷаи сеюми хоби гипнозӣ ба осонӣ фалаҷ («Бо ҳисоби "се" пои Шумо аз ҳаракат мемонад») ва анастезияро талқин кардан мумкин аст. Баъзан дар ин дараҷа беморро ҷарроҳӣ мекунанд ё худ дардро ҳангоми зоиш бартараф менамоянд.
Инчунин дар гипнозшаванда карӣ, кӯрӣ, бӯй карда ва чашида натавонистанро талқин кардан мумкин аст.
Усули талқини хоби гипнозӣ барои табобати майзадагӣ ва ҷунуният истифода мешавад. Бемороне, ки ба ҷунуният гирифтор ҳастанд, дар зери таъсири гипноз кайфияташон беҳтар шуда, ҳаяҷону изтиробашон бартараф мегардад, хобашон мӯътадил гашта, худро хуб ҳис мекунанд. Ғайр аз ин, гипноз барои касалиҳои пӯст (шукуфа, озах), акушерӣ-гинекологӣ (заҳролудии ҳомиладорӣ, аменорея, меноррагия) низ истифода мешавад.
Истифодаи гипнозро барои муолиҷаи беморони майзада дар асоси методикаи коркардаи профессор В.Е. Рожнов дида мебароем, ки он ба таъсири ҳолати пуршиддати эмотсионалӣ (стресс) равона шудааст.
Пеш аз гузаронидани ин методика бояд бо худи бемор аз наздик шинос шуд, яъне зуҳуроти беморӣ, хусусиятҳои шахсияти бемор ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор