Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
дигаргуншавии онҳоро дар ҷараёни касалӣ муайян намуд, ҳолати ҷисмонӣ, мазмуни индивидуалии фоҷиаи майзадагии бемор ва наздикони ӯро фаҳмида гирифт. Ҳамаи ин барои кор карда баромадани муносибати индивидуалии табобат бо ҳар як бемор беҳад муҳим аст.
Духтур пеш аз сар кардани муолиҷа бояд суҳбатҳои индивидуалӣ ва сеансҳои коллективонаи табобатиро дар ҳолати бедорӣ гузаронад.
Баъди як ҳафтаи кор бо бемор ба гузаронидани сеансҳои муолиҷаи коллективона аз рӯи методикаи таъсири ҳолати пуршиддати эмотсионалӣ (стресс) шурӯъ мекунад. Гурӯҳро аз 6–20 нафар ташкил додан мумкин аст. Сеансҳои муолиҷавиро дар хобгоҳҳои табобатӣ ҳар рӯз ё худ як рӯз дар миён дар ҳолати хобида мегузаронанд. Як даври табобат аз 10–15 сеанс иборат аст.
Сеансҳои муолиҷаи коллективонаро аз рӯи методикаи дар боло номбаршуда шартан ба панҷ зина ҷудо мекунанд: 1) гирифторшавӣ ба гипноз; 2) талқинҳои махсуси табобатӣ, ки ҳолати пуршиддати эмотсионалиро омода мекунанд; 3) ҳолати пуршиддати эмотсионалӣ (стресс), талқин дар ҳолати стресс; 4) талқини рӯҳбахш барои баромадан аз ҳолати стресс; 5) бедоршавӣ. Сеанси табобатӣ аз 30 дақиқа то як соат давом мекунад.
Ҷараёни гирифторшавии бемор ба хоби гипнозӣ бо ҳолатҳои дар боло дидашуда пурра монанд аст. Талқинҳои махсуси табобатӣ, ки ҳолати пуршиддати эмотсионалиро омода менамоянд, ҳамон хулосаҳои кӯтоҳе мебошанд, ки дар бемор аз суҳбатҳои индивидуалию коллективона, баҳсу андешаҳо ҳосил шудаанд ва аллакай барои тағйир додани муносибаташ бо ғаму андуҳи майзадагии худ, ба ҳаёти оянда ёрӣ расонидаанд. Дар поён ҳамчун намуна мазмуни нутқи духтурро барои ҳамин муолиҷа меорем. Қайд кардан зарур аст, ки ҳар як чизи шунидашуда дар ин ҳолат бетаъсир намемонад ва то ба қаъри дили бемор мерасад. «Шумо қарор додед, ки аз баҳри машруботи спиртӣ мегузаред, Шумо аллакай муддате комилан ҳушёр зиндагӣ доред ва як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор