Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

намуда, комилан одами солим шудан лозим аст. Ҳолати саломатии шумо ба табобат ёфтанатон умед мебахшад.
Дуруст аст, ки майли шаробнӯшӣ ҳарчанд паст шуда бошад ҳам, вале дар ботини шумо он вуҷуд дорад ва аҳён-аҳён дар вазъияти сари дастархон ё худ ҳангоми вохӯрӣ бо шарикони пешина, ки бо онҳо шароб менӯшидед, эҳсоси номаълум ва бе ҳузуру ҳаловат ба вуҷуд меояд ва шумо аз рӯи соддагӣ андеша мекунед: «як бор нӯшаму ҳамааш нағз шавад». Ба ин лаҳзаҳои фиребанда тайёр будан лозим аст ва имконият додан лозим нест, ки ин майл бар шумо ғолиб ояд. Шумо аз он бояд дур шавед ва аз ӯҳдаи ин кор мебароед ва умуман метавонед онро нанӯшед.
Бояд шаклҳои махсуси қатъиян рад кардан, шарҳ додани рафторро дар ин вазъияти мураккаб кор карда баромада машқ намуд. Дар суҳбатҳои индивидуалӣ ва коллективонаи худ мо бо ҳамин чиз машғулем. Ҳозир барои он ки ин майли сабилмонда ба шароб паст шавад, шумо бояд давраҳои мастигарии худро ба ёд оваред ва ба шароб нафрат пайдо кунед, ки он ба худи шумо ва наздикони шумо чӣ қадар ғаму андӯҳро насиб гардонидааст. Охир, баъзеи шумо бо сабаби майзадагӣ оила, ҷои корро аз даст додаед, ба касалиҳои узвҳои дарунӣ ва сустшавии фаъолияти узви таносул гирифтор шудаед.
Ҳолати пуршиддати эмотсионалӣ (стресс) ва талқин дар ҳолати стресс – ин баландтарин нуқтаи методика мебошад. Пас, бо овози начандон баланд, вале хоҳишамонро самимона ифода карда суҳбатамонро давом медиҳем, то ки ба бемор барои аз вартаи майзадагӣ баромадан ёрӣ расонем. Акнун мастигарии пешинаи худро, ҳодисаҳои аз ҳама нафратангез, лаҳзаҳои ҳаёти пешинаи майхӯрӣ, ҳолати баду мудҳиши хуморшиканиро бо дастони ларзон ва дарди сарро ба ёд оваред. Дар бораи арақ, дар бораи нӯшокиҳои спиртие, ки нӯшидаеду худро барбод додаед ва ҳаёти наздикони худро низ шикастаед, фикр кунед. Ҳар кас аз они худашро ба ёд оварад. Ҳоло аз ҳама лаҳзаи қабеҳтаринро ба ёд оварда, азоб кашидан зарур аст, то ин ки майли

пешина
аз 223
навбатӣ