Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
сабилмонда ба шароб паст шавад. Дар бораи арақ фикр кунед. Дар бораи портвейн, оид ба шаробҳои спиртӣ, ки аз онҳо сӯиистеъмол мекардед, фикр кунед! Нафратовар! Чӣ ҳолати баде дар даҳон! Аҳволи шикам ба даст, меъда чаппагардон мешавад, лундае ба гулӯ меравад, дил беҳузур мешавад, хафа мекунад. Арақ хафа мекунад, шароби спиртдор хафа мекунад. Дар ҳамин ҳолат спирти ректификатӣ 96%-ро ба даҳон ва гулӯи бемор то пайдоиши дилбеҳузуршавӣ пошидан зарур аст. Одатан ин аксуламали вегетативӣ бо ҳиссиёти нафастангӣ, сулфа ва нафрат мебошад. Беморон рӯҳан ба якдигар таъсир бахшида, дар нимкатҳои худ дар ҳақиқат азобу шиканҷа мекашанд. Ҳатман азоб кашидан зарур аст, ҳатман! Ҳар чӣ бештар ба ҳаёти пештараи майзадагии худ нафрат пайдо кардан зарур аст. Ҳоло боз бори дигар оқибатҳои мастигариро ба ёд оваред: чашмони тарсидаи кӯдакон, чӣ тавр аз занатон бо ҷабр пул гирифтаед, чӣ тавр тамоми маошро ба шаробнӯшӣ сарф кардаед, чӣ тавр занатон бо кӯдакон аз шумо дар хонаи ҳамсоя пинҳон шудаанд, чӣ тавр субҳидам ҳангоми хуморшиканӣ меларзидед, ба кор нарафтан, вайронкорӣ дар ҷои кор, сустии узви таносул, аз даст додани оила, кор, саломатӣ ва ғ.
Дар зинаи талқини рӯҳбахш барои баромадан аз ҳолати пуршиддати эмотсионалӣ чунин хитоб карда мешавад: «Майли шароб шуморо тарк мекунад, тарк мекунад, бӯи арақу портвейнро дафъ мекунам. Акнун дам гиред. Ҳама ҷоятон суст мешавад... Аз сеанс ба сеанс ҳисси нафрату бадбинӣ ба шароб боз ҳам зиёдтар шудан мегирад. Дар пеш ҳаёти равшан ва тозаи бе шароб шуморо ҳамчун гражданини комил, узви манфиатовари ҷамъият интизор аст. Ин тавр хобидан хеле хубу бароҳат аст. Қувваю дармон, боварӣ ва оромиро ба даст оред!» Беморро аз хоби гипнозӣ бо тарзҳои дар боло ишорашуда берун баровардан мумкин аст.
Талқинкунӣ дар ҳолати хоби наркозӣ
Хоби наркозиро бо фиристодани барбамил ва гексенал ба дохили рагҳо ба вуҷуд меоваранд.
Дар заминаи он талқини табобатӣ гузаронида мешавад, ки одатан дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор