Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

бемор равад, духтур бояд ҳамаи таъинотҳояшро гаштаю баргашта тафтиш намояд, иҷрои амалҳои ба бемор таъиншударо бечунучаро таъмин кунад. Агар ҳисси вазифашиносии духтур дар дараҷаи касбӣ бошад, он гоҳ вай камтар ба хатоҳо роҳ медиҳад ва роҳи дурусти табобати беморро меёбад.
Оё адои вазифаи духтурӣ имрӯз хусусиятҳои хоси худро дорост?
Бале, дорост: бисёр дастовардҳои нави илми тиб ва истифодаи онҳо дар амал водор мекунанд, ки меъёрҳои анъанавии ахлоқи духтурӣ ва деонтологияи тиббӣ аз нав дида баромада шаванд. Бисёр масъалаҳои ахлоқӣ дар ҳолатҳои эҳёгарӣ, пайванд кардани узвҳои шахсони зинда ё фавтида, татбиқ кардани инженерияи ирсӣ, тарзҳои ҷарроҳӣ ва доруии идораи рафтори одам ва ғайра ба миён меоянд.
Дар кори духтурӣ чизҳои майда-чуйда вуҷуд надоранд. Ҳар як хатои хурдтарин ҳам метавонад ба оқибати ногувор оварда расонад.
Мутаассифона, ҳоло ҳам духтуроне ёфт мешаванд, ки нисбат ба касби худ бемасъулият ва беҳурматӣ зоҳир мекунанд. Сабаби ин дар онҳо кам будани ҳисси вазифадорӣ ё худ адои қарзи духтурӣ мебошад.
Рафтори духтурӣ
Рафтори духтурӣ чун яке аз объектҳои асосии омӯзиши деонтология бояд мавриди тадқиқоти чуқур қарор гирад. Ин тадқиқот бояд ба он равона карда шавад, ки сабабҳои мусбат ва манфии таъсир ба бемор асоси он бошанд. Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки дар ҳар як бемор як чизе мавҷуд аст, ки ба таъсирбахшиҳои табобатии духтур ҷавоб медиҳад.
Нуқтаи иловагӣ барои ин таъсиррасониҳо, табиист, ҳолати рӯҳии шахси ҷисман бемор мебошад. Дар ҳар як фанни тибби клиникавӣ объекти ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфии духтур ба бемор ҳолати рӯҳии бемор мебошад. Ғайр аз ин, рафтори онҳоеро, ки ба бемор наздиканд, бояд ба назар гирифт. Рафтори онҳо метавонад ба бемор таъсири зараровар ё баръакс давобахш расонад. Табиист, ки ҳар кас ба

пешина
аз 223
навбатӣ