Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
таври худ ба «кайфият» ва «ҳолати» рӯҳии бемор худро мувофиқ мекунад. Пас, моҳияту хусусияти асосии рафтори духтур аз чӣ иборат аст?
Рафтори духтур бояд дар асоси талаботи олии ахлоқи инсонӣ ба таҷрибаи ҳаррӯзаи муошират бо бемор такя намояд. Ин ба ҳар як духтури дақиқкор имкон медиҳад, ки хусусиятҳои фардии симои психикии бемор, тағйирёбии на он қадар аён ва дигаргуншавии ҳолати умумии рӯҳии ӯ, табъ ва муносибати беморро ба ҳолати ранҷурии худаш дарёбад.
Бисёр мешавад, ки дар натиҷаи табобати нодуруст байни духтуру бемор ё хешовандони вай норизоӣ ба миён меояд. Ин чиз сабабҳои гуногун дошта метавонад: хусусияти касалӣ, амалиёти нодурусти кормандони тиб, дараҷаи пасти ихтисоси онҳо, набудани шароити зарурии кор ва ғайра.
Омилҳои гуногуни муайянкунандаи ин норизоӣ ба он оварда мерасонанд, ки баҳодиҳии дурусти тиббӣ ва ҳуқуқии ин ҳодиса мураккабиҳои зиёдеро пеш меорад.
Амалҳои духтуронро, ки барои бемор оқибатҳои ногувор меоранд, ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: ҳодисаҳои нохуш, хатогиҳои духтурон ва ҷиноятҳои касбии онҳо.
Сабаби асосии хатои духтур бисёр вақт «иштибоҳи бовиҷдононаи» ӯ мебошад. Ин хато метавонад аз нокифоягии дониш ё таҷрибаи духтур ё номукаммалии илми тиб сар занад. Аммо чун қоида, дар ин ҷо ҳолатҳои хунукназарӣ ва беэҳтиётӣ ҷой надоранд. Ҳамин тавр, хатои духтур бо ҳолатҳои объективӣ алоқаманд буда, гуноҳи ӯро сабуктар мекунад.
Дар таҷрибаи ҳаррӯза бо сабабҳои дар ғафлат мондан, саросемагӣ ва баъзан ихтисоси нокифоя доштан ё сифати пасти ахлоқии духтур ва ёрдамчии ӯ ё худ ҳуқуқвайронкунии касбии кормандони тиб хатои духтурӣ сар заданаш мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор