Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Фош кардани асрори духтурӣ он вақт мумкин аст, ки бо саломатии мардум дахл дошта бошад. Масалан, маълумотро дар бораи касалиҳои сирояткунанда пинҳон доштан мумкин нест, чунки ин гуна беморон бояд ҳатман ба бемористон хобонда шаванд, атрофиёни онҳоро бошад, инфироди тиббӣ (карантин) кардан зарур аст. Ғайр аз ин, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ бояд ба органҳои тафтишотию судӣ дар бораи ҳодисаҳои заҳролудшавӣ, куштор, худкушӣ, зарбу лати ҷисмонӣ, гумонбар шудан аз бачапартоии ҷинояткорона хабар диҳанд. Ин маълумотҳо барои тафтиши ҷиноят ёфтан ва ҷазо додани гунаҳкорон заруранд.
Масъалаи асрори духтурӣ дар психиатрия мавқеи махсус дорад.
Вобаста ба ин дар «Қонун оид ба ёрии равонпизишкӣ» (с. 2002) гуфта мешавад, ки шахсоне, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифа чизе дар бораи касалии рӯҳӣ будани одамон маълум мегардад, бояд сирри тиббиро нигоҳ доранд. Барои фош кардани ин маълумотҳо, ки он ба одамон зарар меоварад, шахси масъул мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Муассисаҳои табобатии бемориҳои рӯҳию асаб дар бораи ҳолати психикии шаҳрвандон ба органҳои судию тафтишотӣ фақат ба дархости хаттии онҳо маълумот дода метавонанд; тавсияномаи шифохона (картаи статсионарӣ) ва тавсияномаи дармонгоҳии (картаи амбулаторӣ) бемор мувофиқи қарори махсус гирифта мешавад.
Муассисаҳои табобатии бемориҳои рӯҳию асаб мувофиқи дархости ҳамин гуна муассисаҳо, духтурони рӯҳшиноси дар дигар муассисаҳои табобатӣ коркунанда, вазорату идораҳо, инчунин идораҳои болоии тандурустӣ метавонанд дар бораи бемор маълумоти муфассал диҳанд.
Ба комиссариятҳои ҳарбӣ, комиссияи экспертизаи тиббӣ-меҳнатӣ (ВТЭК), қисмҳои тиббии интернатҳои асабу рӯҳии таъминоти иҷтимоӣ ва маориф маълумот дар бораи бемории рӯҳӣ ба воситаи қосид фиристода мешавад. Ба ғайр аз он чизе, ки дар боло гуфта шуд, дар дигар ҳолатҳо додани маълумоти тиббӣ дар бораи беморони рӯҳӣ манъ карда мешавад.

пешина
аз 223
навбатӣ