Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Дар бораи беморони рӯҳие, ки дар қайди муассисаҳои рӯҳӣ ва асабу рӯҳӣ меистанд, ба дархостҳои характери умумӣ дошта додани маълумот мумкин нест (ғайр аз он идораҳое, ки дар боло номбар шудаанд).
Ба хуҷҷатҳое, ки маълумоти тиббӣ доранд, фақат роҳбари муассисаи табобатӣ ё ҷонишини ӯ ҳуқуқи имзо кардан доранд ва он дар дафтари махсус ба қайд гирифта мешавад.
Дархостҳо ва нусхаи ҷавоби онҳо ба тавсияномаи шифохонаи бемор ё тавсияномаи фардии дармонгоҳии ӯ дӯхта мешаванд.
Агар шаҳрвандон барои ба кор дохил шудан аз муоинаи тиббии муассисаи асабу рӯҳ гузаштанӣ бошанд, он гоҳ мувофиқи қонунҳои амалкунанда ба онҳо гувоҳнома (справка) дода мешавад, ки чунин шахс дар қайди муассисаи мазкур нест. Чунин гувоҳномаро баъди санҷиши ҷиддӣ шахси масъули муассиса муҳр мезанад.
Бо воситаи телефон дар бораи бемории рӯҳӣ додани маълумот манъ аст. Ин гуна маълумотро фақат ба идораҳои болоии нигоҳдории тандурустӣ ва ёрии фаврии тиббӣ баъди тафтиши такрорӣ додан мумкин аст.
Дар бораи ҳолати саломатии бемор ба таври шифоҳӣ фақат ба хешу наздикони ӯ ё шахси сарпараст маълумот додан мумкин аст, ба шарте, ки ба зарари бемор набошад.
Ба дасти шаҳрванд, аз ҷумла худи бемор, хешони вай додани маълумот дар бораи ҳолати саломатии бемор, ки он дар қайд истодааст ё табобат мешавад, манъ аст.
Агар зарурати муоинаи бемор пеш ояд, бояд роҳхат бе ташхиси пешакӣ дода шавад. Агар дар бемор нишонаҳои касалии рӯҳӣ вуҷуд дошта бошанд, онро бо воситаи почта, қосид ё телефонограмма фиристодан лозим аст.
Ба роҳбари муассисаи рӯҳӣ ва асабу рӯҳӣ ба ҷои кори бемор даъватнома фиристодан манъ аст. Бо нишонии хонаи бемор низ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор