Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
деонтологӣ пайдо мешаванд. Пеш аз ҳама истифодаи ин ё он усул фаҳмондани зарурат ва асоснокии истифодаи онро ба бемор талаб менамояд. Ғайр аз ин, зарурати ба бемор фаҳмондани усули истифодашаванда пеш меояд.
Духтур дар вақти истифодаи ин ё он усули нав бояд донад, ки бемор ба фоиданокии он боварӣ дорад ва аз ин рӯ барои гузаронидани тадқиқот розигӣ медиҳад.
Вақте ки ба масъалаи деонтология дар терапия дахл мекунем, бояд ба муносибати байниҳамдигарии духтур бо бемор бештар эътибор диҳем. Чи хеле ки маълум аст, воситаи асосии усули клиникавии тадқиқот пурсиши бемор мебошад. Барои ба даст овардани ин мақсад, вазифаи аввалиндараҷаи духтур ба боварии бемор соҳиб шудан, дар бораи шахсияти ӯ маълумоти пурра ба даст овардан мебошад. Ҳангоми суҳбат бояд хусусиятҳои характер ва мизоҷи бемор ба назар гирифта шаванд, то ки бемор ба ин восита ба сиҳатёбии худ боварӣ ҳосил кунад.
Чи хеле ки ходимони барҷастаи илми тиб қайд менамоянд, суҳбати духтур бо бемор бояд то ҳадди имкон маҷбурӣ набошад ва муносибат бо бемор эҳтиромона, бодиққатона буда, ба он чизҳое, ки бемор мехоҳад ба духтур иқрор кунад, диққати махсус дода шавад. Дар ин ҳол боварии духтур ва эҳтироми ӯ ба бемор умед мебахшад ва ӯ ба духтур ва илми тиб эътиқод пайдо мекунад. Дар ин хусус суханони яке аз арбобони барҷастаи тиб М.Я. Мудровро овардан ба маврид аст, ки гуфта буд: «Алоқаи тарафайни рӯҳу ҷисмро дониста истода, қарзи худ медонам бигӯям, ки доруҳои рӯҳие ҳастанд, ки ҷисмро даво мебахшанд». Ҳамин тариқ, муносибатҳои деонтологӣ ва шахсӣ дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои психологии бемор аз ҳам ҷудо нашавандаанд.
Масъулияти баланди гражданӣ ва касбӣ бояд ба ҳар як корманди тиб, махсусан духтурон хос бошад. Дар ин ҳол духтур метавонад ба талаботи деонтология ҷавоб дода, ҳамаи фаъолияти худро ба қарзи асосии инсондӯстӣ, яъне хизмат ба одамон равона кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор