Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Деонтология дар тибби кӯдакон
Риояи принсипҳои деонтологияи тиббӣ дар кори духтури касалиҳои кӯдакон аҳамияти муҳимро дорост. Духтур ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ бояд на танҳо ба тифл ёрии тиббӣ расонад, балки кӯшиш намояд, ки ба ҳолати рӯҳонию ҷисмонии тифл зарар нарасонад.
Кӯдакон мувофиқи табиати худ зудранҷ мешаванд, аз ин рӯ ҳангоми гузаронидани чорабинии табобатӣ, ташхисӣ ва пешгирикунанда хеле эҳтиёткор будан шарт аст. Аз сабаби он, ки ташаккулёбии шахсияти кӯдак ҳоло ба итмом нарасидааст, муносибати ӯ ба касалӣ ва табобат мисли калонсолон буда наметавонад. Ана ҳамин чиз муносибати духтурро бо бемор муайян мекунад. Духтур бояд боварии кӯдакро нисбат ба худ ба даст оварад, чунки кӯдакон бепарвоӣ, беэҳтиётӣ ва бедиққатиро нисбат ба худашон тез ҳис мекунанд. Бояд дар хотира дошт, ки кӯдак вақте ки ба бемористон меояд, бояд ба муҳит ва одамони тамоман нав одат кунад. Баъзе кӯдакон тез ва қисми дигарашон дертар ба муҳити нав одат мекунанд. Махсусан кӯдаконе, ки дертар ба муҳити нав одат мекунанд, ҳангоми амалиётҳои табобатию ташхисӣ метарсанд. Ин ҳолатро ҳангоми дуруст дарк намудани рӯҳияи кӯдак бартараф кардан мумкин аст.
Ҳангоми муносибат бо кӯдаки бемор чунин маслиҳатҳои психологиро ба инобат гирифтан зарур аст:
– бояд бо кӯдак пеш аз ҳама алоқа барқарор намуд, чунки тарсидани кӯдак аз духтур боиси пайдо шудани нобоварии волидон ба духтур мегардад;
– рафтор, одоб, сифатҳои инсонӣ асоси боварӣ ба духтур шуда метавонанд. Духтури кӯдакон бояд ором, бодиққат, зиндадил ва меҳрубон бошад.
– яке аз вазифаҳои деонтологии духтури кӯдакон бартараф кардани тарсу ҳароси кӯдак ва волидони ӯ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор