Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Деонтология дар психиатрия
Ҳарчанд ки асоси назариявӣ ва мақсади деонтология дар психиатрия ба мисли дигар фанҳои тиббӣ аст, бо вуҷуди ин дар худ баъзе хусусиятҳои фарқкунанда дорад. Духтур дар дигар фанҳои тиббӣ бо маддаи (субстрати) мушаххас (захм, ҷароҳат, варам, яра) сару кор дорад ва шахси бемор барои аз байн бурдани касалӣ фаъолона иштирок мекунад. Духтурони рӯҳшинос бошанд, бо одамоне сару кор доранд, ки шахсияти онҳо аз ҷиҳати патологӣ тағйир ёфтааст.
Рӯҳшиноси машҳур Е.К. Краснушкин навишта буд, ки «фарқияти куллии шахси ҷисман бемор аз шахси рӯҳан касал дар он аст, ки шахси аввал фаҳмиши касалӣ дораду шахси дуюм ин хусусиятро доро нест. Ҳангоми бемории рӯҳӣ фаҳмиши шахс мумкин аст дар ҳолати сабук будани беморӣ ё дар саршавии беморӣ боқӣ монад».
Агар дар назди духтури касалиҳои дарунӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳарбӣ ё меҳнатӣ масъалаи аниқ кардани сиҳат ё касал будани шахс истад, дар назди духтури рӯҳшинос ин масъала зиёдтар аст.
Рафтори кормандони тиб, хешовандон, наздикон, дӯстон, ҳамкорон, маҷбуран ба бемористон хобонидан, масъулият барои ҳуқуқвайронкунӣ, табобати маҷбурӣ ба ҷавоби ин масъала вобастагии зиёд дорад.
Бо сабаби хусусиятҳои хоси баъзе нуқсонҳои рӯҳӣ (масалан, сафсатагӯии ҷунунии рашк, ихтироъкорӣ, ҳазёни ишқ ва ғ.) вобаста ба ҳолати бемор баҳо додан мушкилиҳо ба амал меоянд. Дар ин вақт бемор будан ё набудан, ба муолиҷа эҳтиёҷ доштан ё надоштанро аниқ кардан душвор аст, махсусан вақте ки суханони бемор ба ҳазён монанданд. Ин масъалаҳо ҳамон вақт хусусиятҳои хос пайдо мекунанд, ки агар шахс худро бемор ҳис накунад ва хешовандони ӯ рафтору гуфтори ғайримуқаррарии беморро пай набаранд. Одатан баҳои нопурра додан ба бемор якчанд сабабҳо дорад. Он баъзан аз маълумоти нодуруст доштан ва дараҷаи пасти маданиятнокӣ дарак медиҳад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ мумкин аст натиҷаи дилхоҳ диҳад, хешу табори шахси бемор низ баъди ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор