Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ба ҳолати рӯҳии бемор баҳои дуруст дода, барои табобат кӯмак мерасонанд.
Агар хешу табори бемор ҳолати рӯҳии ӯро нафаҳманд, пас тамоми ҳаҷми ёрии тиббиро кормандони беморхона ба ӯҳда мегиранд.
Муваффақияти табобати шахси рӯҳан бемор аз он вобаста аст, ки алоқаи байни бемору духтур чӣ гуна сурат мегирад.
Бисёр вақт хешу табори шахси бемор касалиро инкор карда барои ба хона ҷавоб додани бемор кӯшиш мекунанд ва ҳатто ба идораҳои дахлдор шикоят мебаранд.
Чунин ҳам мешавад, ки агар духтур вазнин будани беморӣ ва оқибати ногувори онро ба хешовандон фаҳмонад, он натиҷаи манфӣ медиҳад ва онҳо зуд ба хона ҷавоб додани беморро талаб мекунанд ва агар суҳбати духтур тасаллибахш бошад, муносибати хешовандони бемор низ нисбатан дигар мешавад.
Баъзан духтуре, ки ихтисосаш умумӣ аст, барои ба бемори рӯҳан касал фаҳмонидани дардаш ба душворӣ дучор мешавад. Дар ин ҳолат ӯ бояд ба он чиз ишора кунад, ки гӯё касалии ҷисмонӣ асабҳояшро суст намудааст, аз ин рӯ бехобӣ, набудани иштиҳо, гирякунӣ, зудранҷӣ, тарсу ҳарос пайдо шудааст, ки ба касалӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бемор бояд фаҳмад, ки душвориҳои зиндагӣ метавонанд одамро ҷисман хароб кунанд, аз ин рӯ худро ба духтури касалиҳои рӯҳӣ нишон додан ҳатмист.
Психиатрия ҳамчун фанни тиббӣ аз ибтидои пайдоиши худ ба он чизе во мехӯрд, ки беморони рӯҳӣ аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум буданд ва ба онҳо ҳамчун ҳайвон муносибат мекарданд. Асосгузори ақидаҳои инсондӯстонаи мубориза барои ҳуқуқҳои беморони рӯҳӣ, ба онҳо баргардонидани шаъни инсонӣ духтури франсавӣ Ф. Пинел (1745–1826) мебошад. Вай соли 1792 баъди озод кардани беморони рӯҳие, ки занҷирбанд карда шуда буданд, машҳур шуд. Ба туфайли ӯ ва шогирдаш Эскирол духтур мавқеи асосиро дар кори тиб соҳиб мешавад. Эскирол соли 1818 дар номаи худ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор