Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

гузошташуда равона мекунад. Яъне, дар одам барои ҳалли масъала равиши муайяни конкретие ташаккул меёбад, ки характери ҷустуҷӯиро дорад.
Ҳамин тариқ, тафаккур ҳангоми мавҷуд будани проблема пайдо мешавад ва он ҳаракату амали одамро ба дониста гирифтани чизи номаълум равона мекунад. Бинобар ин тафаккур характери проблемавиро дорад ва он хусусияти асосию муҳими он мебошад.
Яке аз натиҷаҳои протсесси тафаккур фаҳмидан мебошад.
Фаҳмидан ҳамеша ба системаи муайяни донишҳо – тасаввурот ва мафҳумҳо такя мекунад, ки одам дар асоси онҳо ягон ҳодисаи навро фаҳмида ва шарҳ дода метавонад. Чизи тамоман номаълум ҳамеша нофаҳмо аст. Пас, фаҳмидан протсесси дар чизи нав шинохтани кӯҳнаву маълумро дар бар мегирад.
Тафаккури инсон бо калима, ки ҳамчун сигнали сигналҳо характери ҷамъбасткунандаро дорад, дар алоқаи канданашавандаи диалектикӣ мебошад. Пас, аллакай дар тартибдарории калимагии масъала алоқаҳое ҷамъбаст мешаванд, ки одам кӯшиши кушодани онҳоро мекунад. Ҷамъбасткунандагии тафаккур ба одам имконият медиҳад, ки предметҳои иҳотакардаро гуногуншакл инъикос кунад, хусусиятҳои муҳими гуногунро дар онҳо ҷудо намояд ва онҳоро ба гурӯҳу категорияҳои гуногун нисбат диҳад.
Хусусияти ҷамъбасткунанда ва инъикоси бавоситаи тафаккур на танҳо дар табиати забонии тафаккур зоҳир мешавад, балки инчунин дар он, ки ин протсесси олии маърифат на танҳо донишҳои ҳиссии дар натиҷаи таъсири бевоситаи предметҳо ба узвҳои ҳиссӣ ҳосил шударо, на танҳо образҳои айёниро, балки мафҳумҳо, категорияҳоеро истифода мебарад, ки дар онҳо ба таври ҷамъбаст, хусусиятҳои муҳими предмету

пешина
аз 223
навбатӣ