Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

конкретӣ ба паи ҳам ва бо ҳам пайваста дуруст истифода бурда тавонистани анализ ва синтез вобаста аст.
Анализ ва синтез ҳамчун асосҳои протсесси тафаккур барои ҷоришавии амалҳои гуногуни дигари фикрӣ имконият медиҳанд. Ба амалҳои фикрӣ муқоиса, ҷамъбаст, систематизатсия, классификатсия, абстраксия, конкретонидан таалуқ доранд.
Амалҳои фикрӣ. Яке аз амалҳои содда, вале муҳими фикрӣ муқоиса ба шумор меравад, ки бо воситаи он фикран монандӣ ва фарқияти байни ду ё якчанд предмету ҳодисаҳо муқаррар карда мешавад. Муқоиса ба воситаи анализ ва синтез амалӣ мегардад ва барои ҳарчӣ зудтар муқаррар намудани хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи ҳодисаю предметҳои омӯхташаванда имконият медиҳад.
Муқоиса инчунин барои муайян кардани дигаргуниҳои дар ҳамон як ҳодисаи дар лаҳзаҳои гуногуни вақт рӯйдода истифода мешавад.
Амали дигари нисбатан мураккаби фикрӣ, ки ба туфайли муқоиса ҳосил мегардад, классификатсия мебошад. Ба воситаи классификатсия монандии хусусияту аломатҳои муҳими предмет муайян карда мешавад ва дар ҳамин асос ба синф, гурӯҳ, ҷинс ва намудҳо муттаҳид намудани онҳо ба вуҷуд меояд.
Ҳангоми ба гурӯҳҳо ҷудо кардани предметҳо донистани истилоҳи муайян зарур аст, ки онҳо гурӯҳи ҳодисаҳои мувофиқро ифода кунанд.
Ҳангоми чи муқоиса ва чи классификатсия кардан, пеш аз ҳама бояд асос ё аломати муҳими ба ин гурӯҳи ҳодисаҳо хос буда ҷудо карда шавад ва сипас ба он пайваста такя намуда, маърифати ҳодисаҳоро ҷорӣ намудан зарур аст. Предмет ва ҳодисаҳои олами берунӣ дорои аломатҳои гуногуни муҳим мебошанд. Аз ин рӯ вобаста ба асоси барои амали муқоиса ва классификатсия интихобшуда натиҷаҳои гуногунро ба даст овардан мумкин аст. Масалан, самолётро ҳам ба гурӯҳи воситаҳои нақлиёт ва ҳам ба гурӯҳи маснуоти металлӣ нисбат додан мумкин аст.

пешина
аз 223
навбатӣ